1xbet
Чаро одамон дар фасли тобистон ба дарунрав гирифтор мешаванд?
03.07.2025
Oila.tj
67

Ҳамасола дар фасли тобистон дарунрав авҷ мегирад, ки яке аз сабабҳои асосиаш инфексияи рӯда мебошад.

Бояд гуфт, ки инфексияҳои рӯда беш аз 30 намуд мешаванд. Патогенҳо дар муҳити зист, обу маҳсулот зиндагӣ мекунанд ва дар ҳавои гарм паҳн шуда, ба ҷисми инсон тавассути хӯрок, об ё дастони ифлос ворид мегарданд. Барангезандагони инфексияҳои рӯда рангу бӯй ва тамъи маҳсулотро тағйир намедиҳанд ва инсон нафаҳмида, онро истеъмол мекунаду сироят ёфта, ба дарунрав гирифтор мешавад.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?

1. Ҳаноми ба дарунрав гирифтор шудан барои хориҷ гаштани заҳр аз организм ва барқарор намудани мувозинаи об дар ҷисм сари вақт ба табибон муроҷиат кунед.

2. Фаромӯш накунед, ки қайкунӣ ва дарунравӣ реаксияҳои муҳофизатии ҷисм буда, барои тоза шудан аз заҳрҳо мусоидат мекунанд.

3. Зудтар шифо ёфтан хоҳед, бештар об нӯшед.

4. Беҳтараш то пурра нест шудани аломатҳои сироятёбӣ аз хӯрдани хӯрокҳои серравған худдорӣ намуда, бештар биринҷоба истеъмол кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД