sebiston july new
ЧАРО ОДАМОН БАЪДИ ВАКСИНА БА COVID-19 ГИРИФТОР МЕШАВАНД?
4520

Бемории ҳамагири COVID-19тамоми ҷаҳонро давр зада, ҷони ҳазорҳо одамонро рабуд. Олимони соҳаи тандурустӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ ва паст кардани маргу мир тадқиқотҳои зиёдеро анҷом дода, намудҳои гуногуни воксинаҳои зидди коронавирусро кашф намуданд.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки ваксиназанӣ инсонро аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла аз COVID-19 эмин дошта, шумораи гирифтороникоронавирусро ба маротиб кам мекунад. Аз ҳамин хотир пас аз мавҷи сеюми коронавирус дар кишвари мо низ ваксиназанӣ ҳукми қонунӣ гирифта, гузаронидани он ҳатмӣ шуд, аммо...

Ба олимон бовар кунем ё ба овозаҳо?

Бо вуҷуди талқинҳои олимони соҳаи тандурустӣ дар хусуси он ки воксиназанӣ ба муқобили беморӣ муфид аст, то имрӯз аксари одамон дудила ҳастанд, ки воксинаи зидди коронавирусро бигиранд ё не. Овозаву ҳангомаҳо дар байни мардум ва воҳимаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси баъди гирифтани воксина ба Ковид-19 гирифтор шудани ин ё он шахс авзоъро боз ҳам шадидтар гардонида, аксарият аз гирифтани воксин метарсанд. Аз ҳамин хотир мо кӯшиш мекунем ба ин мавзуъ рафшанӣ андозем, ки оё дар ҳақиқат воксина одамро аз коронавирус эмин медорад ё баръакс бемор месозад?

Воксина 80% самаранок аст, вале...

Ваксинаҳо аз 80 то 90 фоиз самаранок мебошанд, аммо ин маънои онро надорад, ки баъди гирифтани сӯзандорӯ шумо дигар ҳеҷ гоҳ ба Ковид-19 гирифтор намешавед. Дар сар то сари ҷаҳон ягон ваксинае вуҷуд надорад, ки 100% инсонро аз беморӣ муҳофизат намояд. Ҳолатҳои ба вуҷуд омадани сироят баъд аз ваксиназанӣ ангуштшумор бошанд ҳам, ба ҳар ҳол вуҷуд доранд. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро воксина якеро аз беморӣ муҳофизат намуда, дигарӣ баъди гирифтани он баръакс бемор мешавад?

Гап дар сари он аст, ки таъсири воксина ба ҳама якхела набуда, дар сурати паст будани масъунияти бадан он инсонро як муддат бемор месозад. Ба гурӯҳи хатар бештар пиронсолон ва одамони емориҳои кӯҳнашуда дошта дохил мешаванд, зеро қувваи муҳофизатии организмашон суст буда, бо душворӣ бо вирус мубориза мебарад.

Бепарвоӣ гунаҳкор

Мутахассисон ҳолатҳоеро, ки маҳз пас аз ваксиназанӣ беморӣ ба вуҷуд омадааст, таҳқиқ намуда, сабабҳои онро омӯхтанд. Маълум шуд, ки одамон пас аз ваксиназанӣ беэътиноӣ зоҳир намуда, қоидаҳои дигари пешгирии интиқоли вирусро риоя намекунанд. Вақте маҳдудиятҳои мавҷуда риоя намешаванд, хавфи сироятёбӣ бештар гашта, онҳое, ки эм кардаанд, ба беморӣ гирифтор мешаванд.

Ниқобро фаромӯш накунед!
Аз Ковид-19 дар амон мондан хоҳед, ҳатто пас аз ваксиназанӣ низ чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, ниқоб пӯшед ва кӯшиш кунед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаи иҷтимоиро нигоҳ доред.

Дастҳоятонро ҳар рӯз чанд маротиба бо собун нағзакак шуста, ягон антисептик пошед.Муҳимтар аз ҳама ба ваҳшат наафтед, зеро тарс аз дилхоҳ беморӣ, аз ҷумла коронавирус хатари маҳз ба ҳамон беморӣ гирифтор шуданро ба маротиб афзун хоҳад кард.Ба ҳаёт бо дили пур ва чеҳраи хандон нигариста ҳамеша барои комёбӣ талош варзед, зеро зиндагӣ оина асту дар он тасвири худро мебинем. Ба қоидаҳои зидди Ковид-19 риоя намоед ва ҳамеша солиму зебову бардам бошед!    

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД