Formula novemver 2024
ЧАРО БЕҲРӯЗ ЗЕВАРОВ ТОҶИКИСТОНРО ТАРК КАРД?
1590

 

Беҳрӯз Зеваров, продюсер, овозхон ва соҳибкори 32-солаи тоҷик, ба Русия кӯч бастааст. Дар ин бора худи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоияш хабар додааст.

Аз аксе, ки овозхон дар назди калисои Василияи муқаддас гирифтаву дар саҳифаи Инстаграмаш нашр намудааст, дида мешавад, ки ӯ дар шаҳри Маскав қарор дорад. “Ҷои нав, намедонам, вақтҳои холигиамро дар куҷо гузаронам ва масъалаи кӯчиданро чӣ гуна зуд ҳал кунам. Маскавро дӯст доштанам лозим аст, то ки ӯ низ дар ҷавоб маро дӯст дорад”,-навиштааст Зеваров дар зери акси нашркардааш. Дар гузориши дигари овозхон дида мешавад, ки ӯ ба шаҳри Челябинск, ба хабаргирии дӯстонаш рафтааст ва эҳтимол, кӯшиш мекунад, ки ба кишвари бегона зуд одат кунад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳои бешуморе навишта, сабаби яку якбора Тоҷикистонро тарк кардани овозхон, муваққатӣ ё доимӣ мондани ӯро дар Русия ва дар оянда ба чӣ корҳо машғул шуданашро пурсидаанд, аммо Зеваров то кунун посух надодааст ва маълум мешавад, ки дар ин хусус суҳбат кардан намехоҳад. Беҳрӯз Зеваров яке аз продюсерҳои пешқадами Тоҷикистон мебошад, ки бо Нигина Амонқулова, Фирӯза Ҳафизова ва Зулайхо Маҳмадшоева барин чеҳраҳои шинохта ҳамкорӣ карда, дар муаррифии эшон саҳм гузоштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД