Formula novemver 2024
Бозорҳо, хатсайрҳо, терминалҳо: МегаФон Тоҷикистон шабакаи толорҳои алоқаи худро васеъ кард
09.01.2025
ОИЛА.ТҶ
470

Соли 2024 ба шабакаи хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» боз 15 толори алоқа ҳамроҳ гардид. Нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳам дар маҳалҳои комилан нав ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ, ки бештари муштариёни оператор он ҷо зиндагӣ мекунанд, пайдо шуданд.

4_19

Ба масоили рушди фурӯши хусусӣ дар шаҳри Душанбе, ки худ мегаполиси тараққикунанда маҳсуб ёфта, шумораи сокинонаш аз 12%-и тамоми аҳолии Тоҷикистон бештар аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ дар назди супермаркетҳои калон, муассисаҳои тиббӣ, идораҳои ташкилотҳои давлатӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо толорҳои нав кушода шуданд. Чунончи, ба толори алоқа дар кӯчаи Ҷомӣ зуд-зуд донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон меоянд ва ба кӯчаи Р. Набиев бештар донишҷӯёни муассисаи таълимии тиббӣ ташриф меоранд. Баҳри қулайгардонии имкониятҳои мусофирону меҳмонон низ нуқтаҳои фурӯш ифтитоҳ меёбанд. Яке аз толорҳои нав дар терминали “Чорбоғ”, ки ба он аз ҳар гӯшаву канори кишвар автобусҳо меоянд, ба кор даромадааст.

Дар дигар минтақаҳо низ нуқтаҳои фурӯш аз рӯи принсипи дастрасии комил ҷойгир карда мешаванд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабакаи ширкат бо ду толор пурра гардид. Дар Ҳисор идораи операторро дар супермаркети “БИ-1” ва дар ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи марказӣ пайдо кардан мумкин аст.  

Дар вилояти Хатлон соли 2024 панҷ толори фирмавии Ширкат кушода шуд. Онҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак, ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун ва Фархор ҷойгиранд. Дар шаҳри Норак ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аввалин операторест, ки толори алоқаро дар бозори нави «Рамзи Норак» ифтитоҳ намуд.  

Дар вилояти Суғд ба шумораи нуқтаҳои фурӯш як толори дигар дар ноҳияи Б. Ғафуров илова шуд. Он дар автовокзал воқеъ буда, барои ҳамаи мусофироне, ки тавассути шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара, Конибодом ҳаракат мекунанд, дастрас аст.

3_16

Рынки, трассы, терминалы: МегаФон Таджикистан расширил сеть салонов связи

15 салонов связи пополнили сервисную сеть «МегаФон Таджикистан» в 2024 году. Точки обслуживания появились как на совсем новых территориях, так и в густонаселённых городах и районах, где проживает много абонентов оператора.

Особое внимание уделяется развитию розницы в Душанбе – растущем мегаполисе, число жителей которого превышает 12% всего населения Таджикистана. Новые салоны открыты в этом году в районах Сино, И. Сомони и Фирдавси возле крупных супермаркетов, медицинских учреждений, офисов государственных организаций, вузов. Так, частыми посетителями салона связи на ул. Джоми стали студенты Технологического университета Таджикистана, а на улице Р. Набиева – студенты медицинского училища. Открываются розничные точки и для удобства приезжающих. Один из новых салонов расположился в терминале «Чорбог», куда приходят автобусы из разных концов страны.

В других регионах розничные точки также размещаются по принципу максимальной доступности. В Районах республиканского подчинения сеть пополнилась двумя салонами. В Гиссаре офис оператора можно найти в супермаркете «БИ-1», в джамоате Истиклол района Шахринав – на главной улице.

В Хатлонской области в 2024 году открыто пять фирменных салонов компании. Они находятся в городах Бохтар и Нурек, районах Дангара, Джайхун и Фархор. В Нуреке МегаФон Таджикистан стал первым оператором, разместившим салон связи на новом рынке «Рамзи Норак».

В Согдийской области к розничной сети добавился салон в Гафуровском районе. Он находится на автостанции и доступен всем проезжающим по трассе, соединяющей Худжанд-Исфара, Канибадам.

2_17

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД