Arzon march 2024
Бозор Қурбонов либосҳои Куруши Кабирро эҳё кард
772

 

Бозор Қурбонови 69-сола яке аз тарроҳони номӣ буда, солҳост, ки бо ин пеша машғул аст. Ӯ ягона марди тарроҳ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан мебошад, ки ба ҳунаромӯзон аз фанни тарроҳӣ дарс медиҳад.

Қаҳрамони мо қариб 50 сол мешавад, ки бо ин пеша машғул буда, бо ин роҳ чархи зиндагиро мегардонад. Ӯ то имрӯз садҳо либос дӯхта, тарҳи даҳҳо либосро офаридааст.

Дар ҳунар ҷинсият нест!

Бозор Қурбонов соли 1955 дар оилаи коргар, дар деҳаи Яккабоғи шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Ӯ аз хурдӣ ба омӯзиши касбу ҳунар шавқу завқи зиёд дошту мехост ҳарчи зудтар касберо аз худ карда, ба буҷаи оилааш кумак расонад. Аз ин рӯ, вақтҳои фориғ аз дарс ба нонпазӣ мерафт ва дар муддати кӯтоҳ тамоми нозукиҳои ин касбро аз худ кард, вале пас аз хатми бомуваффақияти мактаб бо ҳидояти падар дар фабрикаи кешбофии шаҳри Истаравшан ба кор даромад.

"Вақте ба фабрикаи кешбофӣ омадам, бо дархост ва дастгирии маъмурияти фабрика барои идома додани таҳсил ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи бофандагии шаҳри Ивановои Русия супоридам. Дониши хуб ки доштам, бо супоридани ду имтиҳон ба ин боргоҳи илму ҳунар дохил шудам. Дар давоми таҳсил аз устодони номӣ Коголовский, Меншикова нозукиҳои ҳунари тарроҳиро омӯхта, ҳамчун конструктор-моделер ба Ватан баргаштам. Ҳамин тавр, фаъолияти кориямро дар фабрикаи кешбофии Ӯротеппа (Трикотажи Ӯротеппа) оғоз намудам",- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо мегӯяд, дар ҳунару ҳунармандӣ ҷинсият вуҷуд надорад ва ҳар касе, ки дар ин ё он соҳа истеъдоду маҳорат дорад, муваффақ мегардад.

"Трикотажи Ӯротеппа" - маъруфтарин фабрикаи кешбофӣ

"Трикотажи Ӯротеппа" замоне маъруфтарин фабрикаи кешбофӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Ин коргоҳ зиёда аз 3000 корманд дошту соли 1980 намудҳои либоси истеҳсол мекардааш ба 130 адад расида буд. Бозор Қурбонов соли 1978 дар айни рушду нумуъ ёфтани фабрикаи мазкур ба кор даромад.

"Ман соли 1978 дар фабрикаи кешбофӣ ба кор даромада, солҳои зиёде дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудам. Мо мувофиқи ҳар мавсим либосҳои мардона, занона ва кӯдакона истеҳсол мекардем, ки аз 15 ҷумҳурӣ харидорӣ мекарданд. Дар сифат ва зебоӣ либосҳои Ӯротеппа ҳамто надошт",- қисса мекунад ҳамсуҳбати мо.

Соли 1980 дар семинар-озмуни шаҳри Маскав дастаи ҳунармандони фабрикаи "Трикотажи Ӯротеппа" байни 15 ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб гашта, ба Лауреати "Газета Известия" ва 100000 мукофотпулӣ сазовор мегарданд. Дар ин семинар аз тарафи фабрика панҷ нафар, аз ҷумла қаҳрамони мо низ ҳузур доштанд.

Фабрикаи кешбофии Ӯротеппа соли 2000-ум пурра барҳам хӯрд. Бозор Қурбонов то тамоман аз фаъолият бозмондани фабрика кор кард.

Дӯзандаи либоси Куруши Кабир

Соли 2002 барои таҷлили 2500-солагии шаҳри Истаравшан якчанд нафар тарроҳон, аз ҷумла Бозор Қурбонов баҳри дӯхтани либос ба барномаи театрикунонидашуда вазифадор шуданд. Аз ҷониби тарроҳон 15000 либос дӯхта шуд. Қаҳрамони мо либоси Куруши Кабир ва камзӯли Рухшонаро бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш дӯхт.

"Либоси шоҳ Куруши Кабирро бо тамоми нозукиҳояш дӯхта бо сангҳои гуногун оро додем. Он либос шаҳомату бузургии Курушро дар худ таҷассум мекард. Ҳамзамон барои 8 нафар гулдухтарони ансамбли рақсии "Зебо" либос омода кардем. Ман шукрона мекунам, ки ҳунари тарроҳиро интихоб кардаам. Хушҳолам, ки баҳри муаррифии либосҳои миллию қадимаи тоҷикӣ саҳм мегузорам",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бозор Қурбонов имрӯзҳо дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ ба донишҷӯён дарс медиҳад. Ҳамзамон ба дӯхтани либосҳои гуногун машғул аст. Ӯ яктакҳои мардона ва барои аҳли фарҳанг либосҳои зардӯзиву гулдӯзишуда дӯхта, онҳоро бо сангҳои ороишӣ зиннат медиҳад. Дар мавсими либосҳои мактабӣ бошад, тарҳи либос ва қолабҳои гуногун омода мекунад.

Қаҳрамони мо то имрӯз садҳо шогирдонро тарбия кардааст, ки имрӯзҳо бо касби тарроҳӣ чархи рӯзгорро мечархонанду аз устоди худ Бозор Қурбонов миннатдоранд. Шогирдонаш дар озмуну намоишҳои зиёд ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Бозор Қурбонов то имрӯз тарҳи даҳҳо навъи либосҳои миллиро офаридааст. Ӯ бештар ин либосҳоро бо образи қаҳрамонони тахайюлӣ пешкаш менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД