goodwell
Боздошти ситораҳои синамои Туркия бо гумони нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ
128

Дар Туркия кормандони пулис дар доираи як амалиёти махсус ҷиҳати ошкорсозии истифода ва фурӯши маводи мухаддир 22 нафарро дастгир намудаанд, ки дар байнашон ситораҳои машҳури синамои турк ва фарзандони мансабдорон низ ҳастанд.

Тавре расонаҳои Туркия навиштаанд, дар байни боздоштшудагон ситораҳои шоу-бизнес ва синамои кишвар, аз ҷумла актриссаи машҳур Берен Соат, ки дар сериали “Асри тиллоӣ” ё “Великолепний век” яке аз нақшҳои асосиро мебозад, барандаи ҷоизаи “Зебосанами Туркия” Оиша Хотун Унал, овозхони маъруф Кенан Доуғлу ва бародараш Озан Доуғлу будаанд. Гуфта мешавад, ки зимни кофтукови манзили боздоштшудагон кормандони пулис маводи мухаддир бозёфт ва мусодира кардаанд.

Айни замон писари вакили парлумони Туркия аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ (CHP) Аднан Бекер ва чанд нафар тоҷирону сарватмандони машҳур, ки дар хориҷи кишвар қарор доштаанд, бо гумони даст доштан дар хариду фурӯши нашъаю банг дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД