Кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат мардеро боздошт намудаанд, ки худро домулло муаррифӣ намуда, бо мақсади ба даст овардани пули бе дарди миён бо хати англисӣ тумор ва таштоб навишта, ба мизоҷонаш медодааст.
Гуфта мешавад, ки боздоштшуда Сатторов Мирзораҷаб зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат буда, қаблан муҳосиб, яъне бухгалтер шуда кор мекардааст, вале баъди бе кор мондан бо мақсади ба даст оврадани пули муфт бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул шудааст. Ин “домуллои замонавӣ“ дар асл саводи динӣ надоштааст ва хати арабиро хонда наметавонад, аммо худро чун домуллои ҷинбарор ва бахткушо муаррифӣ намуда, одамонро гумроҳ намуда, ба онҳо бо хати англисӣ гӯё тумор ва таштоб навишта медодааст.
Дар навор худи “домулло” мегӯяд, ки бо корд ҷину аҷинаҳоро мебаровард ва бо истифода аз сурат, қулф ва дигар ашёву хӯрданиҳо одамонро гармию хунукӣ ва бахткушо мекард.
Кормандони милитсия аз сокинони кишвар хоҳиш кардаанд, ки ба чунин ба ном “муллоҳо”-и фиребгар бовар накунанд, зеро мувофиқи қонун натанҳо шахсоне, ки бо сеҳру ҷоду машғуланд, балки мизоҷони онҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.