Табибони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ дар самти бемориҳои дилу рагҳои хунгард боз ба як навгонӣ шарафёб гаштаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз ҷониби табибони маркази номбурда ба як нафар сокини 71-солаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки бемории дил ва фишорбаландии ҷиддӣ дошт, бе буриш дар рагҳои хунгарди он амалиёти ҷарроҳии анавризмаи шоҳраги батнӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои ҷойдоштаи бемор бартараф карда шудаанд.
Тибқи иттилои Ғоибзода Алиҷон Ҷура, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар кишвар ба таври анъанавӣ, яъне бо буриши зиёд сурат мегирифт, ки ба бемор амалиёти беҳискунӣ гузаронида шуда, ҷарроҳӣ давоми 4-5 соат идома меёфт. Ҳамакнун бо истифода аз технологияи ҳозиразамон бидуни беҳискунии умумӣ амалиёти ҷарроҳии мазкур давоми зиёда аз 1 соат ва бе буриши васеъ анҷом дода шуда, бемор метавонад бидуни бистарӣ гаштан дар беморхона ба хонааш рухсат шавад.