Табибони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар боз ба як навгонӣ шарафёб гаштанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аз ҷониби табибони маркази номбурда ба як нафар бемори 16-сола, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки косахона ва майнаи сари ӯ ҳангоми афтодан осеби ҷиддӣ дида буд, ба тариқи эндоскопӣ, яъне бе буриш амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои ҷойдоштаи бемор бартараф карда шуданд.
Тибқи иттилои Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки якҷо бо ҳамкорони хеш амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, ташхис нишон додааст, ки раги калони майнаи сари бемор ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сӯрох гардида, бо рагҳои варидӣ пайваст шудааст, ки дар натиҷа дар бемор нобиноӣ, варам ва сурхии чашм ва инчунин рафтани хунравиҳои шадид аз бинӣ ва даҳон ба вуҷуд омадааст.
Муайян гардидааст, ки ин беморӣ ҳангоми осебҳои косахона ва майнаи сар, махсусан шикастани устухонҳои асосии косахонаи сар ба миён омада, дар натиҷа шикоятҳои мазкур дар бемор ба вуҷуд омадаанд.
Ба гуфти табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари муассисаи номбурда Субҳониддин Баҳодуров, чунин ҷарроҳӣ яке аз ҷарроҳиҳои мушкил ва мураккаби рагҳои калони мағзи сар ба ҳисоб рафта, ингуна ҷарроҳӣ то кунун дар кишвар гузаронида намешуд ва беморон ё ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекарданд ва ё барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо мутахассисон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешуданд.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол вазъи саломатии бемор хуб аст ва шикоятҳое, ки то баргузории ҷарроҳӣ дар он ҷой доштанд, пурра бартараф карда шуда, айни замон бемор дар марҳилаи рухсат додан ба хона қарор дорад.