Блогери 19-солаи тоҷик Ҷаҳонгир Раҳимзода аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои паҳн кардани наворҳои бадахлоқона дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудааст.
Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, Ҷаҳонгир Раҳимзода ҷиҳати паҳн накардани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва пасткунандаи шаъну шарафи дигарон қаблан огоҳонида шуда бошад ҳам, хулосаи зарурӣ набароварда, пайи ҳам даст ба қонуншиканӣ задааст. Дар хабар омадааст, ки Раҳимзода дар шабкаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста наворҳои таҳқиромезеро паҳн мекард, ки шаъну шарафи инсонии дигаронро паст мезаданд.
Ба Ҷаҳонгир Раҳимзода аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шудааст.