Arzon march 2024
БОЗ ЯК АКТЁРИ ҲИНД ДАРГУЗАШТ
3947

 

Раҷив Капур, ҳунарманд ва коргардони ҳинд санаи 9-уми феврали соли равон дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон даргузаштааст. Ӯ ҳамагӣ 58 сол дошт ва сабаби маргаш сактаи қалб гуфта мешавад.

“Ҳарчанд ҳунармандро сари вақт ба бемористон интиқол доданд, мутаассифона, дар роҳ ҷон дод”,-навиштааст хабаргузории “Кинотека”. Марги Раҷив Капур барои сулолаи Капурҳо зарбаи сахт ва талафоти бузург аст, зеро ин сулола соли гузашта яку якбора Риту Нанда (1948-2020) ва Ришӣ Капур (1952-2020), хоҳар ва бародари Раҷив Капурро аз даст дода буд. Раҷив Капур 25-уми августи соли 1962 дар шаҳри Мумбай ба дунё омада, писари хурдии Раҷ Капур (1924-1988) ва Кришна Капур (1930-2018) мебошад.

Бобои Раҷив Капур, Притҳвираҷ Капур (1906-1972), амакҳояш Шаммӣ Капур (1931-2011) ва Шашӣ Капур (1938-2017), бародаронаш Рандҳир Капур (1947) ва Ришӣ Капур (1952-2020), ҷиянҳояш Ранбир Капур (1982), Карина Капур (1980) ва Каризма Капур (1974) низ аз ҳунармандони маъруфи синамои ҳинд буданду ҳастанд. Раҷив Капур соли 2001 бо меъмор Артӣ Сабҳарвал оиладор шуда, пас аз ду соли издивоҷ аз ҳам ҷудо шудаанд ва фарзанд надоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД