Arzon march 2024
Бонувони ихтирокори тоҷик соҳиби 16 медал гаштанд
504

Хушбахтона шумораи занону духтарони ихтирокор дар ҷумҳурӣ торафт меафзояд. Дар соли 2023 бонувони ихтирокори тоҷик дар чандин озмунҳои байналмиллалӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд.

“5 нафар занони ихтирокори тоҷик дар соли 2023 соҳиби медали тилло, 10 бонуи ихтирокор соҳиби медали нуқра ва 1 нафар соҳиби медали биринҷӣ гаштааст.”

Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, Раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода гуфт, хушбахтона шумораи бонувони ихтирокор дар кишвари мо сол то сол зиёд шуда истодааст.

Айни замон теъдоди бонувони ихтирокор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 нафарро ташкил медиҳад, ки 12 нафар нисбат ба соли 2022 бештар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД