Салом! Хонандаи ҳамешагии ҳафтаномаи “Оила” ва мухлиси сарояндагони эронӣ ҳастам. Шунидам, ки яке аз овозхонҳои маъруфи Эрон-Беҳном Бонӣ ба наздикӣ ба кишвари мо меомадааст.
Ростӣ, ман садои ин ҳофизи эрони нажодро дӯст медорам ва ошиқи таронаҳояш ҳастам, вале дар борааш қариб, ки чизе намедонам. Илтимос, дар бораи Беҳном Бонӣ каме маълумот диҳед. Мехоҳам донам, ки ин ҷавон марди хушовоз чандсола аст ва чӣ рӯзу рӯзгоре дорад.
Зайнаб, сокини н. Шаҳринав
Посух
Хоҳари азиз,Зайнаб! Ростӣ, баъди гирифтани номаи шумо мо хеле сарчашмаҳои интернетиро ҷустуҷӯ намуда бошем ҳам, дар бораи ин сарояндаи эрнитабор маълумоти чандон зиёде пайдо накардем, вале ба ҳар сурат он чӣ дарёфт намудем, манзуратон мегардонем.
Беҳном Бонӣ ҷавонмарди қави пайкару рустамбозу буда, ба назар 45-50-сола менамояд, вале дар асл ин ҷавон марди ҳунарманд ҳамагӣ 35 сол дорад. Беҳном Бонӣ моҳи октябри соли 1987 дар Эрон ба дунё омадааст. Меҳри санъату ҳунар аз овони кӯдакӣ дар дилаш маъво гирифта, ҳанӯз аз синни 10 солагӣ Беҳном машқи суруд мекард ва дилбохтаи мусиқиву оҳангҳои дилнавоз буд, вале нияти сароянда шудан надошт. Беҳном ҳамчун марди асил думболи касби мардонаеро бигирад ва бо ҳамин мақсад ба факултаи муҳандисии донишгоҳ дохил шуд, аммо...
Беҳном Бонӣ аз рӯйи ихтисос муҳандиси сохтмон бошад ҳам, меҳри суруду мусиқӣ билохира ӯро ба ҷодаи санъат оварда, аз паси эҷоди суруду таронаҳои дилнишин гашт.
Аз баски офаридгор ба ин ҷавонмарди хушқавора садои ширину дилчаспе эҳдо намудааст, Беҳном туфайли ҳунару истеъдоди худододаш ба зудӣ миёни мардумони олам маъруфу машҳур гашта, таронаҳояш дар дилу дидаи ошиқони санъати эстрадӣ ҷо гирифтанд. Имрӯз Беҳном Бонӣ ба қатори сарояндагони машҳури эрони табори олам дохил шуда, бо даъвати мухлисони бешумораш ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба сафарҳои ҳунарӣ меравад. Ба наздикӣ ин ҳофизи машҳур ба кишвари мо ба сафари ҳунарӣ меояд. Барномаи консертии Беҳном Бонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр дар Амфитеатр баргузор мегардад.