Soranus
Барои ятимон дар ноҳияи Балхӣ ба таври ройгон хона месозанд
223

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои ятимони ноҳия хонаҳои истиқоматӣ бунё шуда, ба таври ройгон ҳадя мегарданд.

Мақомоти ноҳия хабар додааст, ки рӯзи 24-уми июли соли 2024 аз тарафи ташкилоти “Хайрияи Тоҷикистон” бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбари ташкилоти зикргардида Дилшодов Умар дар деҳаи Телмони ҷамоати деҳоти Золи Зар барои бунёди шаҳрчаи нав санги асос гузошта шуд.

Гуфта шуд, ки дар ин мавзеъ барои ятимони кулли ноҳия хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, инчунин инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ таъмин карда мешавад.

«Як муассисаи таълимӣ барои 192 хонанда, бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи фарҳангӣ сохта мешавад. Барои ятимони кулл бошад, 10 хонаи истиқоматӣ бунёд мешавад»,- иттилоъ дод манбаъ.

Ба иттилои ҳукумати ноҳия, феълан дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 34 ятими кулл зиндагӣ мекунанд ва дар ҳоли ҳозир барои 10 ятим хона бунёд мешавад.

“Замине, ки барои бунёди хона ба ятимони кулл ҷудо шудааст, 2 гектар аст. Дар оянда боз сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар назар аст”,- гуфт манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД