Formula novemver 2024
Барои рафъи камхунӣ ва фишори паст чӣ бояд кард?
02.09.2023
ОИЛА
1299


Ман чанд сол боз бемории камхунӣ-анемия дорам, вале ба ин чандон аҳамият намедодам. Ҳафтаи гузашта фишори хуни як ҳамсояамон паст шуда, мурда мондааст.

Ростӣ, баъди ҳамон ҳодиса ба ташвиш афтидам, чунки ҳамеша худамро камқуввату хастаю лакот эҳсос мекунам. Бовар кунед, баъзан ҳатто кору бори хона бароям душворӣ мекунад. Ягон давои халқие ҳаст, ки фишори паст ва камхуниро рафъ карда, ба ман барин одамони бемадор қувват бахшад?
Фариза, аз ноҳияи Рӯдакӣ.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Одам бе ягон сабаб ба камхунӣ гирифтор намешавад. Бештар хунравӣ, норасоии оҳан ва витамину минералҳо дар организм, кирми меъда, саратони хун, сили шуш, иллат доштани мағзи устухон ва бо суръат вайрон шудани эритроситҳо боиси паст шудани сатҳи гемоглабин дар хун ва ба бемории анемия, яъне камхунӣ гирифтор гаштани инсон мешавад.

Аз ҳамин хотир, барои халосӣ аз камхунӣ ва пастшавии фишор пеш аз ҳама сабаб ва сарчашмаи бемориро пайдо кардан лозим аст.

Ин хоҳари азиз бояд ташхисҳои заруриро анҷом дода, сабаби ба камхунӣ гирифтор гаштани худро аниқ намоянд ва аз паси табобат шаванд. Барои табобати камхунӣ дар тибби халқӣ давоҳои зиёде мавҷуданд, вале ман аз ин миён танҳо се даворо тавсия медиҳам.

Нусхаи аввал
Барои халосӣ аз камхунӣ ҷисмро аз витаминҳои С ва В шодоб гардонидан лозим аст. Дар ин кор меваи настаран-хуч ба шумо кӯмак мекунад. Ҳар бегоҳ се қошуқ хучро ба термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшидагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед то саҳар истад. Рӯзона ба ҷойи чой фақат оби хуч нӯшида, бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намоед.

Нусхаи дигар
Давои дигаре, ки барои раҳоӣ аз камхунӣ кӯмак мерасонад, ин ҷав аст. Як пиёла ҷавро тоза шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонед. Рӯзе 2-3 маротиба як истаконӣ оби ҷавро бо камтар асал ширин карда нӯшед, дар як муддати кӯтоҳ камхуниро рафъ месозад ва шумо худро бардаму бақувват эҳсос мекунед.

Нусхаи сеюм
Лаблабӯи сурх ва себ низ барои табобати камхунӣ ва фишори паст кӯмак мерасонад. Тахминан ним килограм себ, ним килограм сабзӣ ва ним килограм лаблабуи сурхро аз меваҷаббак (соковижималка) гузаронида, афшурдаашро (сок) бигиред ва ҳамаашро дар як зарф рехта, аз болояш як пиёла асал андозеду нағзакак аралаш кунед.

Ҳамарӯза 20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин даво як қошуқӣ хӯрдан гиред, камхуниро рафъ месозад ва фишоратон низ баланд шуда, худро хеле бардаму солим эҳсос мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД