Фараҳманд Каримов сарояндаи ҷавони тоҷик аст, ки бо ҳунару истеъдоди хеш маҳбуби хурду калон гаштааст.
Ин сароянда се рӯз қабл таронаи навашро бо номи “Бачагӣ” дар ютуб-канали хеш пешкаши ҳаводорони савту наво гардонд, ки дар се шабонарӯз зиёда аз 230 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд. Оҳанги суруд аз Сорбон Норбадалов буда, коркарди мусиқӣ аз оҳангсози шинохта Зайниддин Каримов мебошад. Ин клип таҳти режиссёрии Темур Султонӣ дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, яъне дар зодгоҳи худи Фараҳманд сабт гардидааст.
Фараҳманд Каримов зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj чунин қайд намуд: “Клип-таронаи мазкурро барои ба ёд овардани хотироти зебои кӯдакӣ омада карда, пешкаши мухлисон намудем. Хеле зиёд шод ҳастам, ки мухлисон бо як самимияти хос қабул карданд. Инчунин рӯзҳои наздик боз як суруди навро бо номи "Хато буд" пешкаши мухлисони савту наво мегардонем. Умедворам ба ҳамагон писанд меояд. Мухлисон танҳо интизори сурудҳои ҷадид бошанд".