Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар чорабинии мазкур, ки бо мақсади ба машварат ва ташхису муоинаи ройгон фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат доир гашт, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
- Чорабини мазкур ҳамзамон дар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар умум дар тамоми муассисаҳои тиббию табобатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил ва баргузор гардида, тибқи иттилои расмӣ дар вақти муайянгардидаи ин чорабинии солимгардонӣ ба зиёда аз 53 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ташхису муоина ва машварати ройгон расонида шудааст,- меафзояд манбаъ.