Formula novemver 2024
Ба шахси офтобзада чӣ гуна кӯмак расонидан мумкин аст?
1543


Имрӯзҳо гармии бесобиқаи ҳаво аҳли курраи заминро ба ташвиш овардааст. Гармии тоқатфарсо агар дар баъзе мамлакатҳо хушксолӣ орад, дар баъзе кишварҳои дигар обхезиро ба амал меорад. Албатта гармои шадид ба ҳаёти оидамон низ бетаъсир намонда, боиси авҷ гирифтани бемориҳо мегардад.

Дар баъзе кишварҳои олам ҳатто ҳодисаҳои ғамангези ҳалокати одамон бар асари гармӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳамин хотир мо дар боби чӣ тавр дар ҳавои гарм аз бемориҳо эмин мондан бо духтури оилавӣ Санавбар Отамуродова сӯҳбати судманде оростем, ки фишурдааш манзури шумо-муштариёни сомонаи Оила. ТЧ мегардад.

-Сароғоз ҳамчун табиб мегуфтед, ки ҳавои гарм бештар ба киҳо таъсири бад дорад?
-Воқеан, имрӯзҳо дар минтақаҳои гуногунисайёраи Замин гармии бесобиқа ба назар мерасад. Албатта гармии аз меъёр зиёд ба хурду калон бетаъсир нест, аммо бештар ба кӯдакони аз 1то 5-сола ва пиронсолон, ҳамчунин ба шахсоне, ки ба бемориҳои музмин, аз ҷумла ба касалиҳои дил, аллергия, астма, бемориҳои меъдаю рӯда ва фишорбаландӣ гирифтор ҳастанд, таъсири хеле сахт мерасонад. Азбаски нафарони зикршуда имунитети паст доранд, ҳавои гарм ҳоли онҳоро бадтар гардонида, боиси хуруҷ кардани бемориашон мегардад. Имрӯзҳо теъдоди муроҷиаткунандагон бо офтобзанӣ низ хеле афзудааст.

  • Чӣ кор кунем, ки аз таъсири ҳавои гарм эмин монем?
    - Пеш аз ҳама истеъмол кардани оби зиёд муҳим аст, зер гармии тоқатфарсои офтоб оби бадани инсонро кам мекунад. Дар гармо нӯшидани шарбатҳои гуногун, чойи лимӯ, оби ҷӯшомадаи хунуккардашуда аз манфиат холӣ нест. Обҳои газнок тавсия дода намешаванд. Зуд-зуд бо оби ширгарм ҳаммом кардан низ зарур аст. Мардум ҳаракат кунанд, ки аз зери шуъоҳои сӯзони офтоб дуртар гашта, дар ҷойҳои соя гашту гузор намоянд. Чатрҳои тобистона доштан аз манфиат холӣ нест. Дар ин гармо кӯдакон, пиронсолон ва беморон бояд кӯшиш кунан, ки бе зарурат ба кӯча набароянд.

  • -Ба шахсе, ки аз таъсири офтоб бемор шудааст, чӣ гуна кӯмаки аввалия расонидан мумкин?
    -Чунин одамон бояд ба зудӣ ба духтур муроҷиат кунанд. То ба духтур рафтан ё омадани духтур беморро дар ҷойи салқин нигоҳ дошта, об ё нӯшоба додан лозим аст. Бо оби на он қадар хунук сару рӯяшро тар кунанд, фоида дорад. Истеъмоли оби зиёд ба шахси фтобзада муфид аст. Бо воситаи арақкунӣ бештари моддаҳои бадан ихроҷ мешавад, аз ҳамин хотир бо нӯшнидани нӯшобаҳо мо бояд ҷойи онҳоро пур кунем.
    -Ба гирифторони касалиҳои дил ва фишорбаландӣ чӣ тавсия медиҳед?
  • -Нафароне, ки бемории дил ё фишрбаландии шараёни доранд, вале маҷбуранд, ки кӯча бароянд ё ба ягон ҷо сафар намоянд, тавсия медиҳам, ки ҳатман доруҳои фармудаи табиби худро ҳамроҳашон бигиранд ва доим бо худ оби бе газ дошта бошанд. Либосҳои аз матоъҳои табии дӯхта шуда ва сабукро ба бар намоянд.

  • -Занҳои ҳомила дар ин ҳавои гарм бояд чи кор кунанд?
    -Занони ҳомила низ дар ҳавои гарм бояд эҳтиёткор бошанд. Онҳо бояд бештар дар ҷойҳои салқин истироҳат кунанд ва аз шарбатҳои табии зиёдтар истеъмол намоянд.
    -Барои кӯдаконе, ки аз гармии ҳаво шикамрав шудаанд, чӣ гуна ёрӣ расонидан мумкин?

  • - Мо ба аксари оилаҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд. регидирон тавсия додаем, ки ин барои бемор муҳим аст. Агар регидирон набошад ва роҳи дорухона ё беморхона дур бошаду вақти зиёд талаб кунад, дар ин ҳолат дар як литр об чор қошуқча намак, як қошуқча шакар, аз чор як ҳисса (дар қошуқча) сода андозанд ва то мадани духтур аз ҳамин об кам-кам ба кӯдакибемр нӯшондан гиранд, барои шикамрав ва офтобзада фоида дорад.
    Абдуғаффор Шодиев
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД