Давлатов Сайдалӣ Суннатуллоевич, ҷонишини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Вахш барои сохтакории ҳуҷҷати давлатӣ ва хӯрдани ҳаққи хонандагон музоҷон шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Давлатов Сайдалӣ Сунатуллоевич аз 8-уми июни соли 2022 дар вазифаи муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Вахш кор карда, ба таври ғайри қонунӣ ба як толибаи ин мактаб, ки дар синфи 6, 7 ва 8 умуман таҳсил накарда, танҳо аз нимсолаи дуюми соли 2022 ба синфи 9 рафтааст, бо роҳи сохтакорӣ баҳо гузошта, аттестати таҳсилоти умумии асосӣ навишта додааст. Номбурда ҳамчунин муттасаддӣ оид ба тақсимоти маводҳои хӯрокаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар МТМУ №35-и ноҳияи Вахш буда, дар давраи соли хониши 2021-2022 молу маҳсулоти хӯрокаро ба маблағи 3148,67 сомонӣ ва ҷамъулҷамъ ба маблағи 26731,67 сомонӣ аз худ кардааст.
Кордорҳои ин шахси масъул аз назари ҳомиёни қонун дур намона, аз ҷониби прокурори вилояти Хатлон нисбати Давлатов С.С. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323 қисми 1-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, бо ҳукми суди ноҳияи Хуросон ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима 25600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.