Oila Navruz
Азиза Давлатова ба 11-соли зиндон маҳкум гашт
3639

Бузурге фармудааст: “Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сарду торик мемонад, вале агар ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро якҷо месӯзад!”
Ҳақиқати ин гуфтаҳоро тақдири тахли Мадина Мамадҷонова, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатова бори дигар дар зиндагӣ исбот намуд. Рашки оламсӯзи Азиза, ки ба хотири “бахт” даст ба амали ҷиноӣ зада, зани дуюми шавҳараш Парвиз Давлатов-Мадина Мамадҷоноваро аз манзили зисташ зӯран ба мошин бор карда, ба самти ноаён бурда, бо як бераҳмии махсус ҷазо дода буд, боиси марги Мадинаи ноком, ба пушти панҷара афтодани Парвиз ва ҳамсари бадрашкаш Азиза гашт.
Ёдрас мешавем, ки ин ҳодисаи даҳшатангез ҳанӯз моҳи август рӯй дода, Мадинаи бар асари лату кӯби шадиди Азиза майнааш сахт зарб хӯрда, муддати се моҳ дар ҳолати кома қарор дошт. Ин ҷавонзани берӯзӣ дигар ба худ наомада, ду ҳафта қабл ҷон ба ҷонофарин супурд. Аз Мадинаи ғуррамарг як духтарчаи 13-сола ятим монд.
Қабл аз марги Мадинаи ҷавонмарг Суди Олии Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои аввали ширкати бонуфузи мобилии “Мегафон-Тоҷикистон” Парвиз Давлатовро ба дузанагӣ, шиканҷаи равонӣ ва расонидан то ба худкушӣ маҳкум намуда, бо дарназардошти қонуни авф ба мӯҳлати 5 солу чор моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Ҳамагӣ чанд соат пас аз эълони ин ҳукм Мадинаи ғуррамарг ҷони аз дасти Азиза ранҷу азоб кашидаашро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурд.
Ҳамагон аз марги ин ҷавонзани нозанин афсӯс хӯрда, интизор буданд, ки гунаҳкори асосии марги Мадина-Азиза чӣ ҷазо мегирифта бошад.
Ниҳоят, Суди Олии Тоҷикистон Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз (Лутфулло) Давлатовро дар робита бо қазияи Мадина Мамадҷонова ба 11- соли зиндон маҳкум намуд, вале бар асоси қонуни афв як соли ҳукми ӯро кам кард.
Як манбаъ, ки дар мурофиаи Азиза Давлатова ширкат доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳукми Додгоҳи олӣ рӯзи 28-уми декабр дар СИЗО-и Душанбе содир шуда, додситон барои Азиза Давлатова аз додгоҳ 11 соли зиндон талаб кард. Додгоҳ ҳам Азиза Давлатоваро бо сӯиқасди одамкушӣ айбдор дониста, ба 11 соли зиндон маҳкум, вале бар асоси қонуни афви соли 2021 як сол аз ҳукми ӯро кам кардааст.
Ҳамин тавр рашки оламсӯзи Азиза натанҳо ба сари Мадинаи ноком ва шавҳараш Парвиз, балки ба сари худи ин зан низ мусибату бадбахтӣ оварда, акнун Азиза Давлатова 10-соли умрашро дар пушта панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.
Албатта бахт барои ҳар як зан ширин аст, вале набояд иҷозат дод, ки эҳсосот аз ақл боло гирифта, хонаву хонумони инсонро пурра бисӯзад. Азиза, агар тоби дузанагии шавҳарашро надошт ва рашк ӯро дарун ба дарун мехӯрд, метавонист талоқи худро талаб намояд ва ақди никоҳашонро раман бекор намуда, ҳиссаи худро аз амволи меросӣ бигираду ҳамроҳи фарзандонаш бароҳат зиндагӣ кунад, вале ин зан ба садои ақл не, ба садои дили аламзада ва рашки оламсӯзаш гӯш дода, натанҳо ҳаёти шавҳараш ва зани дуюми ӯро сӯзонд, балки ҳаёти худро низ бо дастони хеш сӯхт.
Рашки Азиза зани ҷавонеро аз зиндагӣ маҳрум ва фарзанди ӯро ятим гардонд, марди номдореро шарманда ва маҳкум ва зиндон намуд, худи ӯро ба азоби солиёни зиёди маҳрумият аз азодӣ мубтало гардонида, фарзандонашро ҳам аз меҳру муҳаббат падар ва ҳам аз меҳрубнии модар маҳрум гардонд.
Занҳои тоҷик!
Дигар ҳаргиз барои аз даст надодани мард худ ва фарзандонатонро бадбахт насозед! Фаромӯш накунед, ки меҳру муҳаббатро ба зӯрӣ ба кас бор карда намешавад. Агар оташи ишқ дар дили мард хомӯш гашта, дигар дӯст намедорад, зӯран ба пояш банд андохтан маънӣ надорад. Ба мард озодӣ диҳед, бигзор равад, агар пушаймон шуд, албатта рӯзе баргашта меояд, агар барнагашт, пас он мард арзиши муҳаббати шуморо надоштааст!
Ф. Сатторӣ
М. Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД