Arzon march 2024
“АЗ ҒУРБАТИ КЕЛИНҲО ХАЛОС ШУДАМ”-МЕГӮЯД ХОЛАИ СОКИНА
5328

Ман Сокина, зани 58-сола ва модари 4 фарзанд ҳастам. Бачаҳоямро тани танҳо ба воя расондам бигӯям, хато намешавад, чунки шавҳарам ҳанӯз 18-сол пеш бо баҳонаи мардикорӣ ба Русия рафту бо ҳамин бедарак шуд.

Ростӣ, аввалҳо гоҳ-гоҳ барои фарзандонаш 4-5 ҳазор рубли русӣ равон мекард, вале намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки ду-се сол пас моро ба пуррагӣ фаромӯш карда, дигар на занг зад ва на як тин пул фиристод. Баъзеҳо хабар меоварданд, ки шавҳарам дар он ҷо зани рус гирифтааст ва бо арӯси наваш мудом масту аласт мегардад, аммо то кадом андоза ин овозаҳо ҳақиқат доранд, намедонам.

Ҳамин тавр фарзандони падардорам зиндаятим гаштанд ва бори гарони зиндагӣ бар дӯши ман бор шуд. Савод ва касбу ҳунар, ки надоштам, маҷбур шудам, ки кӯчарӯб шуда, барои ҷигарбанднам як луқма нон пайдо намоям. Кӯчарӯбӣ дар назари аввал бисёр кори осон менамяд, вале дар асл меҳнати сангин аст. Ҳар рӯз соатҳои 3-и саҳар, ҳанӯз бонги хурӯс садо надода, аз хоби ширин бархоста, намозамро мехондам ва кӯчарӯбӣ мерафтам, то дигарон чашмнашнро молида аз ҷогаҳашон мехестанд,ки мо кӯчаҳои шаҳрро аз партов ва ифлосиҳо тоза карда, пойтахтро гул барин зебо мегарднидем.

Хулласи калом бо кӯчарӯбӣ 4 фарзандамро хӯрондам, пӯшондам, калон кардам ва оиладор намудам, вале шавҳари духтари калониам ҷавонмарг шуду бо 3 фарзанд боз ба хона баргашт. Дар ин миён ҳарду писарамро хонадор карда, соҳиби 4 набера гаштам. Мо дар маркази шаҳр дар як хонаи дуҳуҷрагӣ 4 оила зиндагӣ карда, азоб мекашидем. Ду писарам бо зану фарзандонашон ду ҳуҷраро банд карда буданд, духтарам бо се фарзанди ятимаш дар ошхона мезист, ман бошам аз нарасидани ҷой ночор дар айвон-балкон хоб мерафтам. Рӯзе набуд, ки аз рӯйи кӯдакон байни келинҳо ва духтарам ягон ҷангу ҷанҷол нахезад. Сарҳисоби корамро гум карда, чӣ кор карданамро намедонистам. Ҳамсояҳо маслиҳат доданд, ки хонаамро фурӯхта, ягон хонаи васеътар харам, вале кӯчаҳоро пур аз эълони “хонаи фурӯшӣ” карда бошам ҳам, ягон харидор дарамро накӯфт. Гуфтанд, ки риэлторҳо дар чунин корҳо устухон надоранд ва дарҳол харидор меёбанд. Ба назди ду-се риэлтор рафтам, вале нҳо ёфтани “клиент”пули калон талаб карданд. Рӯзе як хешамон ба хонаамон меҳмонӣ омад ва ҳоли моро дида пурсид, ки чаро хонаатонро фурӯхта, ҳавлӣ намехаред. Гуфтам, ки харидор нест. Вай хандида “ҳозир ин масъаларо ҳал мекунем” гуфт ва бо телефонаш хонаи моро сурат гирифта, ба Арзон. ТЧ партофт.

Ҳамин тавр бо шарофати ин сомона роҳи харидорон ба манзили мо кушода шуд ва ҳамагӣ дар байни як ҳафта хонаро бо пули калон фурӯхта, аз ҳамон Арзон. ТЧ як ҳавлии кори калон пайдо кардем. Азбаски ҳавлии навамон хеле калон аст, мо онро се тақсим кардем. Акнун писарҳоям бо зану фарзандонашон алоҳида зиндагӣ мекунанд, ман бошам, ҳамроҳи духтару набераҳоям умр ба сар бурда истодаам. Аксари оилаҳои тоҷик серфарзанд ҳастанд, бинобар ин, ман ба касоне, ки нияти хонафурӯшӣ ё хонахарӣ доранд, маслиҳат медиҳам, ки ба таври ройгон эълони худро дар Арзон. ТЧ ҷойгир намуда, бо кӯмаки ин сомонаи роҳкушо мушкили худро ба осонӣ ҳал намоянд.

Сокина аз маҳаллаи Ховарони ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД