...Ростӣ, аламам кард, аз беқадрии худам ҳам дар назди шавҳараму ҳам дар назди падару модарам. Охир, ман аз кӣ камам, ки пайвандони ман маро мисли бевазанҳо бояд нигоҳубин кунанд?
Шавҳарам, ҳатто раҳмат нагуфт, гӯё аз вай ҳама қарздор бошанд бо карру фар меомаду мерафт, ҷӯраҳояшро ҷеғ зада, зиёфат медод. Ман гӯё шавҳар не, зан гирифта бошам, худамро ба чор тараф мезадам. Дар мактаб дарс медодам, шабҳо ширинӣ пӯхта, ба мағозаҳо тақсим мекардам, дарси иловагӣ медодам... Хулоса, мардаки таппа тайёр. Фарзандон ҳам калон мешуданду азобҳои маро медиданд...
Беҳрӯз Мирзоев саҳнаро барои ҳамеша тарк кард
...Аз навиштаҳои овозхон бармеояд, ки ӯ боқимондаи умри худро дар роҳи Худо сипарӣ кардан мехоҳад. Беҳрӯз Мирзоев ва бародари хурдиаш Муслиҳиддин Мирзоев ҳунари овозхониро аз тағоҳои ҳунармандашон Зулфиқори Азиз, Достони Азиз, Вайсиддини Азиз, Қайсиддини Азиз ва Абӯбакри Азиз, ки дар гурӯҳи овозадори “Анис” ҳунарнамоӣ мекарданд, омӯхтаанд. Муслиҳиддин, ки ҳамагӣ 21 сол дорад, тахминан 10 сол қабл саҳнаро тарк карда буд. Остони Азиз, Шаҳроми Абӯбакр ва Шамсиддини Азиз, ки фарзандони хонаводаи Азизовҳо мебошанд, касби авлодиашонро идома дода истодаанд...
Шавҳарамро зан доданд...
...-Духтарам, сабр кун. Шавҳарат Набӣ то андозае ҳақ аст. Кундошат ҳам бо умед шавҳар кардааст, ки соҳиби фарзанд шавад. Ту зан-модар ҳастӣ ва бояд ҳамчун зан шавҳаратро фаҳмӣ,-таскинам дод модарвор. Суханони хушдоманамро гӯш карда, худро каме тасаллӣ додам. Воқеан ҳам, бовар доштам, ки баъди зани дуюм гирифтани шавҳарам ҳамааш хуб мешавад ва зиндагиамон бо шавҳарам чун пештара ҷараён мегирад. Фарзанди дуюм–духтарчаамро ба дунё овардам. Аммо шавҳарам баъди ин ҳам ҳамеша бо зани наваш буд...
Фоида ва зарари “шугаринг”
...Тоза кардани мӯйи бадан бо истифода аз қандоби ғафс, ки онро мутахассисон “шугаринг” меноманд, имрӯз хеле амалиёти маъмул ба шумор меравад. Бартарии амалиёти мазкур дар он аст, ки ҳам вақт сарфа мешаваду ҳам маблағ ва он ба пӯст ва саломатии инсон зарар намерасонад. Агар амалиёт дуруст гузаронида шавад, баъди анҷом додани он бадан муддати 2-4 ҳафта аз мӯй тоза мешавад. Дар сурати мунтазам истифода бурдани шугаринг мӯйи бадан сафедчатоб гашта, тунуку тоза карданаш осонтар мегардад...
Духтархолаи бахтдузд
...Баъди ин вохӯрии хотирмон, яку якбора ҳам Баҳром ва ҳам Мӯниса худашонро аз ман дур гирифтанд. Соли нави таҳсил сар шуд, мо хатмкунандагони донишгоҳ будем. Мӯниса ба шӯъбаи ғоибона гузашту дар як ниҳод ба кор даромад. Баҳром бошад, умуман аз зиндагии ман ғайб зад. Ҳар гоҳе ба хонаи холаам мерафтаму назди Мӯниса, ки дилу бедилон наздам менишаст, аз бевафоиҳои Баҳром гуфта мегиристам, ӯ “хайр, дӯстат надорад, худашро маҷбур кунад, равад хубтар нест”,-гӯён даст меафшонд... Оҳиста-оҳиста захми бевафоиҳои Баҳром шифо ёфтанд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 26-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 7-уми июли соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!