Умедҷони Бурҳон аз зумраи ҷавони соҳибистеъдод ва умедбахш буда, бо таронаҳои марғуби ошиқонааш дар дили мухлисони савту наво маъво гирифтааст. Садои ҷаззоби ин ҳунарманди тоҷик ба ситораи эронитабори Шарқ Беҳном Бонӣ хеле шабоҳат дорад, вале Умедҷон кӯшиш мекунад, ки дар ҷодаи ҳунар роз ва услуби хоси худро пайдо намояд. Чанде пеш ин ҳунармнади ҷавон меҳмони барномаи «Ситора Life»-и сомонаи Oila.tj гашта, сирру асрори зиндагиашро кушод. Инак, фишурдаи ин муҳовараро манзуратон мегардонем.
Мухлиси Суҳроби Сафарзод
Умедҷони Бурҳон мегӯяд, сабаби асосии ба ҷодаи ҳунар омадани ӯ ҳунарманди маҳбуби тоҷик, зиндаёд Суҳроби Сафарзод буд.
“Синфи 5 ё 6 мехондам, ки сурудҳои Суҳроби Сафарзодро шунида, мафтуни садои ҷозибадораш гаштам. Шабу рӯз фақат таронаҳои ӯро гӯш мекардам ва орзу менамудам, ки ман ҳам ба мисли Суҳроби Сафарзод рӯзе сароянда шуда, ба саҳна бароям,”-қисса мекунад Умедҷон.
Аз бонк қарз гирифта клип сохтам
“Чашмони сиёҳ” нахустин таронаи марғубе буд, ки Умедҷони Бурҳонро ба мухлисони савту наво ошно кард. Ин тарона бо клипи ҷолибе манзури тамошюбинон гардонида шудааст, ки бо иштироки Асланшоҳ Раҳматуллоев, Холмуроди Сиддиқ ва дигар ҳунарандони маъруфи кишвар сабт шудааст. Аксарият бар он назаранд, ки маҳз иштироки чунин ҳунармнадони шӯҳратёр дар клип ба Умедҷони бурҳон шӯҳрат овард, вале худи сароянда дар ин маврид чунин мегӯяд:
“Мо ҳам суруд ва ҳам клипро бо сабки “Ретро” омода намуда будем. Ман фикр мекунам сирри муваффақияти ин тарона дар он аст, ки суруд бо клип ва клип бо суруд ба пуррагӣ мувофиқат мекард.”
Дар идомаи суҳбат Умедҷон нақл мекунад, ки бо сабаби норасоии маблағ муддати шаш моҳ натавонистааст клипи ин таронаро сабт намояд, дар ҳоле, ки худи суруд ба пуррагӣ омода буд. “Оқибат маҷбур шудам, ки аз бонк пул қарз гирифта, клипро сабт кунам,”-қисса мекунад ин ҳунарманди ҷавон ва меафзояд, ки аз қарз гирифтанаш аслан пушаймон нест, зеро ин тарона ба ӯ ҳам ном овард ва ҳам нон.
Умедҷони Бурҳон бо Ғолибҷон Мӯсоев қаҳрӣ аст?
Умедҷони Бурҳон бо блогери машҳур Ғолибҷон Мӯсоев ҳамкории зичи эҷодӣ дошт ва дар ҳамдастӣ чанд клип низ омода намуданд, вале баъдан зоҳиран робатаи онҳо қатъ гашта, Умедҷон ҳамкориро бо блогери дигар Фаридун, ки бо лақаби “Фавик” машҳур мебошад, оғоз намуд. Дар ин замина дар байни мухлисон сару садоҳо пайдо шуданд, ки байни Умедҷон ва Ғолибҷон нофаҳмӣ сар зада бо ҳамдигар қаҳрӣ шудаанд. Аммо худи Умедҷони Бурҳон дар барнома ин овозаҳоро рад карда мегӯяд:
“Овозаҳо дар бораи ҷангу ҷанҷоли ман бо Ғолибҷон Мӯсоев ягон асос надоранд. Мо мисли пештара дӯст ҳастем ва тез-тез тариқи телефон суҳбат мекунем, аммо ҳамкории эҷодӣ танҳо бо як нафар кофӣ нест. Барои рангоранг гаштани эҷодиёташ ҳунарманд бояд бо эҷодкорони гуногун ҳамкорӣ намояд. Аз ҳам ин хотир клипи охиринамро дар ҳамкорӣ бо “Фавик” эҷод намудам.“
Асрори ишқ ва издивоҷи Умедҷон
Аксари ҳунармандони ҷавон кӯшиш мекунанд, ки асрори ҳаёти шахсиашонро аз мухлисон пинҳон созанд, вале Умедҷони Бурҳон оиладор буданашро пинҳон накарда мегӯяд, моҳи ноябри соли гузашта ҷашни домодӣ дошт ва ҳоло соҳиби оилаи хушбахт буда, ба наздикӣ падар мешавад. Ба саволи ровӣ дар бораи он ки оё ҳамсараш телефони Умедҷонро мекобад ё не, ҳунарманд хандида мегӯяд:
“Бале, ҳамсарам хеле бадрашк аст ва баъзан телефонамро мекобад. Аз ҳамин сабаб гоҳ-гоҳ байнамон нофаҳмиҳо сар мезананд, вале ман бо оромӣ мефаҳмонам, ки мухлисон як ҷузъи зиндагии мо - ҳунармандон ҳастанд ва набояд ба мухлис рашк кард. Бо ҳамин нофаҳмиҳо ба зудӣ рафъ мешавад. Шукри худо, мо як оилаи хушбахт ҳастем.“
Умедҷони Бурҳон кай консерт медиҳад?
Ин ҳунарманди ҷавон дар тамоми минтақаҳои кишвар мухлисони худро дорад ва ҳаводорони таронаҳояш аз Суғду Хатлону Бадахшон тез-тез пурсон мешаванд, ки Умедҷони Бурҳон кай дар маҳалли онҳо консерт медиҳад. Дар посух ба ин савол худи Умедҷон гуфт, мехоҳад аввал дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе барои ҳаводорони худ як консерти зинда барпо намуда, баъд ба дигар манотиқи кишвар сафар намояд.
Умедҷони Бурҳон бо Нигина Амонқулова дуэт месарояд?
Умедҷон дар суҳбатҳои қаблӣ гуфта буд, ки орзу дорад бо сарояндаи машҳури тоҷик, бонуи пурҳунар Нигина Амонқулова як дует сарояд. Маълум мешавад, ки ин орзу ба наздикӣ ҷомаи амал мепӯшад. Тавре ки худи Умедҷони Бурҳон дар барномаи «Ситора Life»-и Oila.tj гуфт:
“Аз сабаби серкории апаи Нигина ва ташвишҳои зиёди эҷодӣ мо натавонистем ин орзуро барвақттар амалӣ гардонем, аммо ин маънои онро надорад, ки ин идея фаромӯш шуд. Аллакай аз пайи кор ҳастем. Овозҳои мо ба ҳамдигар хеле мувофиқ меоянд ва боварӣ дорам, ки як таронаи олиҷанобро ба наздикӣ пешкаши мухлисон мегардонем.”.
Як лаҳзаи фаромӯшнопазир
Вақте сухан аз боби лаҳзаҳои ширин ва фаромӯшнашавнадаи зиндагӣ рафт, Умедҷони Бурҳон ҳодисаи аҷиберо қисса карда гуфт:
“Чанд рӯз қабл дар ноҳияи Панҷ як маҳфилди арӯси доштем. Тӯй ба охир раисда, асбобҳоро хомӯш карда будем, ки як марде беморнамо наздам омад ва хеле зорӣ кард, ки боз як суруди дигар хонам. Дубора ба кор даровардани асбобҳо вақти зиёдеро мегирифт, аз ҳамин хотир ба доирадастам гуфтам, ки доираро ба даст бигирад ва танҳо бо як навои доира зери мавҷи кафкӯбиҳои мардум ба таври зинда дар фасли Панҷ як суруди халқӣ хондам. Ба мардум бисёр писанд омад, чунон кафкӯбӣ карданд, ки ман ҳамчун ҳунарманд ба ваҷд омадам. Ин лаҳза натанҳо барои он мухлиси беморам, балки барои худи ман низ бисёр лаҳзаи ҷолиб ва фаромӯшнопазир буд...”
Дӯстии Умедҷони Бурҳон бо Ҷаҳонгир Зарипов
Умедҷон мегӯяд аз байни сарояндагони тоҷик бо Ҷаҳонгир Зарипов дӯстии наздик дорад ва ин ду ҳунарманди хушзавқ дар ҳамбастагӣ як таронаи олиҷанобро омода карда истодаанд, ки навгонии хеле хубе хоҳад гашт дар олами санъати тоҷик.
“Боварӣ дорам, ки дар чанд соли охир мухлисон чунин клипи олиҷанобро тамошо накардаанд,” - мегӯяд Умедҷони Бурҳон дар боби клиптаронае, ки ҳамроҳи Ҷаҳонгир Зарипов омода карда истодааст.
Ин ҳунарманди ҷавон мегӯяд, ҳамзамон як таронаи таърихӣ омода карда истодааст, ки дар фасли зимистон ба навор гирифта мешавад ва ин суруд тӯҳфаи солинавии ӯ хоҳад ашт ба мухлисонаш.
Ҳуқуқшиносе, ки мардумро ба рақс медарорад
Дар арфти барнома Умедҷони Бурҳон саҳифаҳои китоби зиндагиашро варақгардон карда мегӯяд, вай дар оилаи хизматчии давлатӣ зода шудааст, вале аз овони кӯдакӣ ба санъат шавқу рағбати зиёд дошт ва мудом дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок менамуд.
“Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон супурдам. Мехостам мисли падарам ҳуқуқшинос шавам, аммо баъд фаҳмидам, ки меҳри санъат дар тамоми вуҷудам ҷо шудааст ва дигар аз он дил канда наметавонам. Ҳамин тавр бо дипломи ҳуқуқшиносӣ овозхон шудам,” - қисса мекунад ҳунарманди ҷавон ва боистеъдод Умедҷони Бурҳон ва меафзояд, ки барои ҳунарманди хуб шудан танҳо истеъдод доштан кофӣ нест, ҳамеша бояд меҳнат кард ва мудом дар ҷустуҷӯ буд Агар ҳунарманд ҳамеша дар ҷустуҷӯ набошад ва тоза ба тоза нав ба нав эҷод накунад, машҳур бошад ҳам, ба зудӣ ҷою мақомашро аз даст медиҳад, зеро имрӯз шоу-бизнес босуръат пеш меравад ва барои аз ин мавҷ берун нашудан ҳамеша бояд дар тапопӯ боши....
Соли равон таронаи “Ман-манӣ карданот”-и Умедҷони Бурҳонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ 10 миллион нафар ва таронаи дигарашро 7 миллион нафар тамошо кардаанд, вале барои як ҳунарманди ҷавон дастоварди хеле хуб аст. Дар барнома ҳунарманд пораҳои дилнишини ин ду таронаро ба таври зинда месарояд, ки хеле дилнишин мебошад.
Хуллас, суҳбати Умедҷони Бурҳон хеле ҷолиб аст. Шумо метавонед шакли пурраи барномаро дар ютубканали Oila.tj тамошо кунед.