Салом «ОИЛА"-и азиз!
Ман як занидар чорсӯйи зиндагӣ ҳайронмонда меоҳам аз шумо маслиҳат бипурсам. Як писарча дорам. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе дар хонаи шавҳарам ҳастам, вале зиндагии бисёр талу сангин дорам.
Шавҳарам марди айшпарасту ҷӯрабоз аст, бар замми ин, нимашаб ба хона баргашта, маро лату кӯб мекунад ва дашномҳои қабеҳ медиҳад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоману додаршӯям мудом ҳар чизро бахона карда бо ман ҷанг мешаванд. Ростӣ аввалҳо аҳамият намедодам, чизе, ки нагӯянд, сабр мекардам, вале дидам, ки ҳар қадар тоқат кунӣ, бадтар мешудасту хубтар не. Чанбор хостам ба хонаамон равам, аммо акааму очаам нахостан баргардам.
Рӯз ба руз саломатиам бад шуда истодааст. Асабҳоям бениҳоят харобу монда шудаанд. Намедонам чи кор кунам, агар дар ин ҷо истам, аниқ девона мешавам, ба хонаамон баргардам бародарону янгаҳоям рӯйи хуш намедиҳанд. Ақаллан хушдоманам бо ман соз мебуд, тоқат карда меистодам, вале ӯ чунон гапҳое мезанад, ки дили одам шикоф мешавад.
Чанд боро маро бе пойи қадам гуфта таъна зад, вале сарамро хам карда, дар ҷавоб чизе нагуфтам. Модаршӯям ҳатто нон ва дигар чизҳои хӯрданиро мудом аз ман пинхон мекунад. Бовар кунед, чунон хислатҳои баде дорад, ки агар ҳамаашро нависам, ҳуш аз саратон мепарад. Як кулбачаяк медоштам, ки ҳамин писаракамро ҷо мекардам, дар ин ҷаҳаннам ҳатто як лаҳза ҳам намемондам, вале бехонагӣ садди роҳам гаштааст.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Муроҷиати хонанда аз саҳифаи
инстаграми сомонаи Оила. ТЧ