Commerce bank may-june 2026
Автобусҳои нави хатсайри №51 тариқи кадом кӯчаҳои Душанбе ҳаракат мекунанд?
132

Аз имрӯз, 15-уми июн дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси барқии №51 ба фаъолият шуруъ намуд.

Автобусҳо дар ин хатсайр аз терминали ғарбӣ ба сӯйи терминали шарқӣ тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ҳаракат намуда, аз кӯчаву хиёбонҳои Карамов, Сино, И. Сомонӣ, Ф. Ниёзӣ, Рӯдакӣ, Шоҳтемур, М. Турсунзода, Лоҳутӣ ва С. Айнӣ мегузаранд. Аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал оварда шудааст, ки аз хидматрасонии автобусҳои барқии хатсайри №51 истифода баранд.

Пардохти роҳкиро дар ин хатсайр тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД