Дар Арабистони Саудӣ як ҷавони 22-сола, ки ба "марги мағзӣ" мубтало гаштааст, қабл аз маргаш васият кардааст, ки узвҳои ӯро ба маризон диҳанд. Табибони Маркази пайванди узвҳои Саудӣ (SCOT) ин васияти ӯро ба ҷо оварда, узҳои марҳумро ба 5 беморе, ки байни маргу зиндагӣ қарор доштанд, пайванд карданд...
Тавре ки SCOT эълон доштааст, ин ҷавони дарёдил бо додани узвҳояш ҷони 5 нафарро аз марг наҷот додааст. Дар ин бора Saudi Gazette гузориш медиҳад.
“SCOT гуфт, ки гурӯҳи пизишкон тавонистаанд узвҳои ин мардро ба 5 бемор ҳадя кунанд ва қайд кард, ки ӯ узвҳои худро пеш аз маргаш ҳадя кардааст”-менависад манбаъ.
Узвҳо ба якчанд беморон кӯмак карданд. Ин марказ як гурдаи донори 22-соларо ба як беморзани 34-сола дар шаҳри тиббии шоҳ Абдулазизи Гвардияи миллӣ дар Ар-Риёз пайванд карда, инчунин дар бемористон ва маркази таҳқиқотии шоҳ Файсал (KFSHRC) дар Ар-Риёз ҷарроҳии гурдаро ба як марди шастсола анҷом доданд.
Ҷигари ӯ ба як бемори 62-сола дар шаҳри тиббии шоҳ Абдулазизи Гвардияи миллӣ дар Ар-Риёз ва дилаш ба як марди 59-сола дар ҳамин бемористон пайванд карда шуд. SCOT ҳамчунин трансплантатсияи шушро ба як беморзани 56-сола дар KFSHRC дар Ар-Риёз анҷом дод.
Бино ба иттилои марказ, ин ҷавон пас аз гузоштани осори худ даргузашт ва ба 5 нафаре, ки ҳатто ному насабашонро намедонист, умри дубора бахшида, аз ҳама хостааст, ки пас аз марг ба хотири наҷоти ҷони беморон узвҳои худро супоранд.