Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Нигора Холова.
Сол ва ҷои таваллуд: 25.12.1989, ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Касб: овозхон.
Ҷоизаҳо: ҷоизаҳои “Суруди сол”, “Сарояндаи сол” ва медали “Хизмати шоиста”.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби як фарзанд бо номи Амира (2016).
Шавҳараш: Шаҳбоз ном дорад ва писархолаи Нигора мебошад, ки соли 2014 издивоҷ карда буданд.
-Нигора, як клипи шумо ҳамроҳи фарзандатон дар шаҳри Дубай сабт шудааст. Ба хориҷа маҳз барои сабт рафта будед ё ин фикр ногаҳон ба саратон омад?
-Амира нахустин фарзанди ман аст ва хостам, ки барояш суруде бисароям. Орзу Исоев бароям матни суруди “Шодии дунё”-ро иншо карданд ва Эраҷ Ҳамидов ба он оҳанг бастанд. Сурудро омода карда, ба Дубай рафтем. Ҳам истироҳат кардем ва ҳам клип ба навор гирифтем.
-Кор бо кӯдаки хурдсол бароятон душвор набуд?
-Албатта, худатон медонед, ки бо кӯдак кор кардан осон нест. Ба ҳамин хотир, сабти клип як ҳафта тӯл кашид.
-Чаро барои сабт Дубайро интихоб кардед? Барои он ки суруд ба духтарчаатон бахшида шудааст ё хостед, ки дар эҷодиётатон навгонӣ ворид намоед?
-Бале, хостам, ки каме ҳам бошад, навгонӣ шавад, чунки ҳамаи клипҳои ман дар Тоҷикистон сабт шудаанд ва ин аввалин клипи ман буд, ки берун аз кишвар рӯи навор омадааст.
-Аз он сурудҳое, ки воқеан ҳам шуморо дар даврони кӯдакиатон шинохта карда буданд, ёдовар нашуда наметавонем. Аз сабти он сурудҳо чӣ хотираҳо доред?
-Рости гап, он сурудҳо ҳанӯз 20 сол қабл сабт шуда буданд, ба ҳамин хотир, камаш дар ёдам мондаву зиёдаш фаромӯш шудааст. Масалан, ҳангоми сабти суруди “Гӯям ё нагӯям?” 11-сола будам...
-Замоне буд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба беморхона ташриф оварданд ва баъди диданатон, дастур доданд, ки шуморо барои ҷарроҳӣ ба Маскав фиристанд. Фикр мекунам, ки он лаҳзаҳоро хуб дар хотир доред...
-Албатта, он лаҳзаҳо ҳеҷ фаромӯш намешаванд. Табобати ман қариб се сол идома ёфт ва вақте бори охир ба Маскав рафтем, гуфтанд, ки пурра шифо ёфтаам ва қалбам мушкилие надорад.
-Нигора, дигар бародарону хоҳарони шумо ба чӣ корҳо машғуланд?
-Апа ё хоҳар надорам, чунки духтари ягонаи оила ҳастам. Бародари калониам Суруш Холов ҳунарманд аст, ки ҳамагон ӯро низ мешиносанд. Бародари хурдиам Сиёвуш ном дорад ва ӯ ҳам кор мекунад.
-Дар хурдсолиатон бо забонҳои хориҷӣ зиёд суруд месароидед, вале ҳоло дар эҷодиёти шумо суруде бо забони ғайр ба назар намерасад. Чаро?
-Азбаски мардуми мо сурудҳои халқиро дӯст медоранд, ман ҳам кӯшиш мекунам, ки бештар сурудҳои халқиву рақсӣ бисароям. Албатта, бо забонҳои хориҷӣ низ хоҳам сароид.
-Дар умум бо чанд забони хориҷӣ суруд сароидаед?
-Бо забонҳои ҳиндӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, озарӣ ва туркӣ суруд сароидаам.
-Дувумин консерти шумо, ки соли 2011 дар якҷоягӣ бо бародаратон Суруш Холов баргузор гардида буд, “Шукрона” ном дошт. Чаро маҳз “Шукрона”?
-Шукрона кардем, ки ба ин рӯзҳои нек расидем, соҳиби ин қадар мухлис шудем, шукронаи Ҷаноби Олӣ ва Тоҷикистони ободро карда, чунин ном гузоштем. Асосан, ин пешниҳоди коргардони консерти мо Баҳриддин Раҷабов буд.
-Суруди “Шаҳр холӣ” дар иҷрои шумо хеле олӣ баромадааст. Ҳатто вақте бемории COVID-19 паҳн шуду кӯчаву хиёбонҳо аз одамон холӣ шуданд, мардум гуфтанд, ки Нигора ин сурудро барои имрӯз хонда будааст. Кӣ ва ё чӣ шуморо ба сароидани ин суруд водор кард?
-Ин сурудро асосан моли овозхони афғон Амирҷон Сабурӣ мебошад. Вақте мо оилавӣ нишаста, ин сурудро гӯш кардем, бародарам пешниҳод карданд, ки ҳамин сурудро бозхонӣ кунам. Баъди сароиданам на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ суруд мухлисони бешумор пайдо кард.
-Замоне навори тӯйи шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезад. Худи шумо розӣ будед, ки навори тӯятонро ҳамагон бубинанд?
-Пас аз он ки ман оиладор шудам, бисёриҳо хоҳиш карданд, ки аксу наворҳои тӯямро барояшон бифиристам. Ҳамон вақт як таронаи тӯёнаи нав сабт карда будам ва наворҳои тӯямро бо суруд мувофиқа карда, дар шакли клип пешниҳод кардам, то мардум ҳам суруди навро гӯш кунанду ҳам тӯямро бинанд.
-Нигора, шавҳаратон ба чӣ кор машғул аст?
-Санъаткор нест, дар қисми ҳарбӣ кор мекунад.
-Он кас розӣ шуданд, ки баъди издивоҷ ҳунарнамоӣ кунед?
-Бале, чунки қабл аз тӯй мо маслиҳат карда будем ва он кас розӣ шуда буданд.
-Ҳоло чӣ рӯзу рӯзгор доред?
-Аз пайи зиндагӣ ҳастам. Кору бори хона, каму беш эҷод мекунам, духтарчаамро ба боғча бурда меорам...
-Дар як мусоҳибаатон гуфтаед, ки сурудҳои Юлдуз Усмоноваро бештар гӯш мекунед...
-Бале, сурудҳои Юлдуз Усмонова, Мансур, Муин, Лайло Фурӯҳар барин сарояндаҳои асилро гӯш мекунам.
-Чаро ғайр аз бародаратон Суруш Холов, бо каси дигар бадеҳа намесароед?
-Дар кӯдакиам сароидаам. Ҳоло ҳам месароям, ба шарте ки пешниҳоди ҷолиб ва ба дилам наздик бошад.
-Чаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли дигар ситораҳо фаъол нестед?
-Рости гап, он қадар завқ надорам, вале кӯшиш мекунам, ки фаъол бошам.
(Суҳбати мазкур аз барномаи телевизионии “Ҳунар” гирифта шудааст.)