goodwell
Асрори ҳунари Мастона Эргашева  
23

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мастона Эргашева аз нобиғаҳои санъати тоҷик ба шумор меравад, ки бо маҳорат, шуҷоат ва матонати хеш дар саҳнаи баланди ҳунар ба дилу дидаи мардум ҷо шудааст.

Нахустин қадам ба олами санъат аз овони бачагӣ дар муҳити фарҳангу маънавиёти мардуми диёраш баҳра бардоштааст. Баъдан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ онро ҳамчун истеъдоди ноёб мукаммал ва сайқал дода, ба назари мардум намоён мегардонад. Аз давраҳои мактабхонӣ аллакай номи Мастона Эргашева ба ҷумҳурӣ аён гардида буд.

Солҳои 1967 корманди шуъбаи Ҷавонони барномаҳои фарҳангии радиои Тоҷикистони ҳамин давра Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва рўзноманигори газетаи “Комсомолец Таджикистана” Ҳамза Элбоев яке аз сафарҳои навбатӣ ба ноҳияи Қумсангир меоянд ва дар бораи ҷамъоварии мавзўи ҷавонон мавод омода мекунанд. Ҳангоми кор дар ноҳия овозаи сарояндагии хонандаи мактаби ноҳия ба гӯши рўзноманигорон мерасад. Онҳо хоҳиш менамоянд, ки бо духтари овозадор аз наздик шинос шаванд. Вохурӣ барпо мегардад ва баъди суҳбати эҷодӣ рўзноманигорон аз Мастонаи зебосиришт хоҳиш менамоянд, ки чанд суруд иҷро намояд. Бо ҳамин тариқ як чанд суруд бо овози Мастона ба дастгоҳи сабти овози маъмулии радио сабт мешавад.

Баъди баргашт ба Душанбе дере нагузашта овози Мастона Эргашева дар мавҷи радиои тоҷик ҳамчун сарояндаи нобеға пахш мешавад ва баъди ин воқеа мухлисони зиёд аз истеъдоди нотакрори ў огоҳӣ пайдо мекунанд. Ба унвони радио аз шунавандагон дархостҳои бешумор оид ба хоҳиши шунавонидани сурудҳои Мастона ворид мегардад. Тибқи он бо супориши махсуси роҳбарони радиои ҳамонвақта як гуруҳи эҷодӣ аз ҳисоби мутрибони ансамбли назди радиои тоҷик бо роҳбарии Давлатшо Мӯминшоев ташкил карда мешавад. Гурӯҳи эҷодӣ бо таҷҳизоти махсуси техникӣ ба ноҳияи Қумсангир сафарбар шуда, дар иҷрои ин духтари хушсалиқа 10 суруд ба хазинаи радиои тоҷик сабт мегардад. Аз ҳамин давра овозаи Мастона Эргашева дар мавҷи радиои тоҷик бо сурудҳои дилнишинаш ба мардум бештар ошно мегардад, ҳаводорони санъат аз сурудҳои ў илҳоми тоза мегиранд.

Меҳри санъати асил, эътибори мухлисон ва сеҳри ҳунари сарояндагӣ ўро ба сўи орзўҳои беканори ҷавонӣ мекашад ва соли 1969 ба даргоҳи ҳунаристони касбӣ – шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода меоварад. Бо радифи омӯзиши касби актёрӣ дар донишгоҳ ӯ машғули сайқали ҳунари сарояндагиро низ идома медиҳад. Дар маҳфилҳои эҷодии донишкада, барномаҳои консертӣ ва инчунин дар озмун ва фестивалҳои ҷавонон инз фаъолона ширкат варзида, истеъдоди хшро бо сурудҳои нав ба нав такмил медиҳад.

Баъди соҳиб гаштан ба номаи камолоти ҳунар соли 1974 ба ҳайси актрисаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А.Лоҳутӣ ба кор оғоз менамояд. Дар намоишномаҳо ҳамчун ҳунарманди ҷавон нақшҳо меофарад. Аммо кашиши меҳри санъати мусиқӣ, махсусан, завқи баланди эҷодиёти шеъру суруд ӯро ба сӯи сарояндагии касбӣ раво месозад. Иштирок дар сафарҳои эҷодие, ки аз консертҳои эҷодӣ барномарезӣ мегардид, бештар ширкат варзада, сурудҳои нав ба нав эҷод мекунад ва бо овози нотакрори хеш таваҷҷӯҳи мухлисонро ба завқ меоварад.

Соли 1975 фаъолияти хешро дар Қасри маданияти ш.Исфара идома дода, роҳбари бадеии гурӯҳи эҷодии онро ба ӯҳда мегирад. Маҳз бо ташаббуси Мастона Эргашева дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ ҳунармандони ҷавонони болаёқат сарҷамъ шуда, барномаҳои консертӣ аз мусиқии классикӣ, халқӣ ва замонавӣ ташкил мегардад. Яке аз хусусиятҳои ибтикори мавсуф аз он иборат буд, ки завқи мардумро нисбат ба санъати мусиқии асили миллии, сурудҳои қадимаи халқӣ зиёд гардонидан буд. Дере нагузашта номи ӯ бо сурудҳои тоза дар мавзӯҳои лирикию ишқӣ, меҳри модару хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ шӯҳрат пайдо мекунад.

Вале барои санъати волои Мастона Эргашева доираи маҳдуди фарҳанги шаҳру ноҳияҳои музофотӣ кифоягӣ намекунад. Бо ҳамин зайл соли 1978 бо пешниҳод ва даъвати устодон ва адибон ӯ ба пойтахт баргашта, фаъолияти эҷодияшро дар ансамбли шашмақомхонони назди радио ва телевизиони тоҷик идома медиҳад.

Дар ин боргоҳи ҳунари касбӣ аз устодони забардасти касбӣ тамоми нозукиҳои сарояндагиии санъати Шашмақомро баҳри сайқал додани ҳунари хеш сафарбар менамояд. Хусусан, аз эҷодиёти Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова барин ҳунармандон шуҳратёр сабақ меомўзад ва ба ҷиддият ва салобати санъати Шашмақом ботинан имон ҳосил мекунад. Дар давраи фаъолият бо ҳамроҳи ансамбл як сисила сурудҳо аз Шашмақом ба Бунёди тилои радио сабт мекунад. “Нимчўпонӣ”, газали Бедил, “Наврўзи Сабо”, ғазали Ҳофиз, “Савти Калон”, ғазали Нозим ва даҳҳо дигар сурудҳои классикӣ самараи пурмаҳсули Мастона Эргашева шаҳодат медиҳад.

Эҷодиёти устоди ҳунар натанҳо дар самти мусиқии классикӣ шуҳратбаланд гаштааст, балки доираи он бо эҷодиёти сурудҳои муаллифӣ низ хело иқтидори мустаҳкам пайдо намудааст. Сурудҳои муаллифӣ аз ҷиҳати мазмун ва шакл басо форам ва дилнишин эҷод шудааст. Зеро матни шеър бо оҳанги муносиб дар лаҳнҳои гуворо бо ҳам омезиш ёфта, бо садои дилнавози сароянда ба шунаванда руҳияти тоза мебахшад. Аз ҷумла, “Зинда бод”, “Таронаи замон”, шеъри Б.Фаррух, “Ба модарам”, шеъри Г.Сулаймонӣ, “Шаҳри ман”, шеъри Озод Аминзода, “Ташаккур”, шеъри Фаррух ва даҳҳо силсила сурудҳо аз эҷодиёти нотакрори ў шомил мегардад.

Қобили зикр аст, Мастона Эргашева аз ҳалқаи ҳунармандони пурғайрат аст, ки доимо дар ҷусту чӯи асарҳои матлаби замон мебошад. Ҳар як суруде, ки эҷод шудааст, бо мавзӯҳои гуногуни ҷавонию шуҷоатмандӣ, ишқу муҳаббати инсонӣ, садоқатмандию саодати зиндагиро тараннум мекунад. Мухлисон ва шунавандагон аз сурудҳои ӯ олам-олам завқ мегирад ва ҳамеша хизмати арзандаи эҷодаиашро қадр мекунад.

Самти дигари фаъолияти эҷодии сарояндаи хушсалиқа бо композиторони тоҷик пайвастагӣ дорад. Ҳамчун ҳунарманди пурмуҳтаво ҳамкории доимӣ бо композиторони номии тоҷик намуда, сурудҳо аз эҷодиёти онҳое, ки маҳз ба овози ӯ навишта шудааст, бо илҳоми хоса иҷро намудааст. “Ба мардони майдон”, шеъри Миршакар, оҳанги Ш.Сайфиддинов, “Оҳанги тор”, шеъри Гулрухсор, оҳанги Д.Дўстмуҳаммадов, “Дорад ҳавас”, шеъри Б.Раҳимзода, оҳанги З.Шаҳидӣ ва дигар асарҳо шаҳодати ҳамкориҳои эҷодӣ ба шумор мераванд.

Мастона Эргашева донанда ва нигорандаи мусиқии касбии тоҷик маҳсуб ёфта, солҳои тулонӣ ба он содиқ мемонад. Даҳҳо сурудҳои классикӣ дар иҷрои нотакрори ў аз нав сайқал ва ҷило ёфтааст, ки ба густариши санъати мусиқии миллӣ шўҳратёр гаштааст. Як силсила сурудҳое, ки ба эҷодиёти бевоситаи Мастона Эргашева мансубият дорад бо сабки услуби хоса ва лаҳни тоза бо меҳнати пок ва ҷустуҷўҳои доимӣ ба даст омадааст.

Дар тӯли эҷодии худ ӯ дар анҷуман ва ҳамоишҳои ватанию хориҷӣ фаъол ширкат варзида, шӯҳрати санъати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ дар зинаҳои баланд муаррифӣ намудааст. Аз ҷумла, соли 1992 дар анҷумани байналмиллалии “Мусиқии халқҳои ҷаҳон” дар Гон Конг баргузор шуда буд, иштирок дошта тамошобинонро бо истеъдоди воло муаррифӣ намудааст. Солҳои 1996 – 2005 дар кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Маҷористон, Булғория, Швейсариё, Фаронса, Олмон ва даҳҳо дигар мамлакатҳои хориҷӣ сафари эҷодӣ намуда, санъати мусиқии миллати тоҷикро дар саҳнаҳои баланди касбӣ шинос кардааст.

Дар иртибот ба мувафаққиятҳои эҷодӣ Мастона Эргашева устоди мукаммал ва мураббии меҳрубон низ ҳаст. Аз солҳои 2000 инҷониб сараввал дар шуъбаи мусиқии суннатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, минбаъд дар Косерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ҳайси устоди мусиқии классикӣ фаъолият бурда, ба шогирдон аз маҳорати сарояндагӣ сабақ меомўзад. Солҳои тулонии фаъолияти омўзгорӣ даҳҳо шогирдони соҳибистеъдод аз тарбияи ў баҳраманд гашта ба саҳнаи ҳунари касбӣ раҳо ёфтааст.

Аз соли 2012 ба узви Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик “Ҳунар” шомил мегардад ва шогирдонро дар самти услуби “устод шогирд”-ии мусиқии суннатӣ тарбия менамояд. Рисолати муҳими фаъолият бо Марказ аз эҳё ва густариши мусиқии суннатӣ иборат буда, дар ин самт тарбия намудани шогирдони болаёқат ба шумор меравад. Дар айни ҳол бо тавсияи мутахассисони Марказ 6 нафар ҷавонписарон ва духтаронро дар равияҳои мусиқии классикӣ, халқӣ ва инчунин, сурудҳои инфиродӣ дар зери тарбия Мастона Эргашева қарор дошта, маҳорат ва касбияти сарояндагиро дар самти касби сарояндагӣ сайқал медиҳад.

Ташаккули мусиқии суннатӣ, намояндагон ва меросбардорони он дар ҷараёни эҷодӣ ҳамеша ба салоҳият ва истеъдоди нотакрори ҳунармандони касбӣ иртиботи ҳатмӣ дорад. Ин васила бе тасаввури мероси ғайримодии фарҳанг эҳсос намешавад. Мавқеъ ва мақоми ҳунармандони касбию воломақом дар ҳифз ва интиқоли он нақши нотакрори нодирро ишғол менамояд. Ҳофизи хушсалиқаву хушилҳом Мастона Эргашева дар ҳалқаи устувори донишмандон ва устодони имрӯзаи халқи тоҷик ба шумор меравад. Ҳар як суруд, тарона ва асари нотакрори мусиқие, ки аз забони хушилҳоми ӯ садо медиҳад ба қалби ҳазорон шунаванда ва мухлисон санъат роҳ ёфта, тахаюли фараҳбахши инсониро ба ҷунбиш оварда, завқи илоҳоми тоза, меҳру муҳаббати поки зиндагиро ба вуҷуд меоварад.

Султоналӣ ХУДОЙБЕРДИЕВ,

устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, номзади илми санъатшиносӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД