goodwell
Ҷасади Алишери Мирзонаботро 26 нафар наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯ доранд, вале...
19.06.2026
Оила
66

Ҷасади Алишери Мирзонаботро 26 нафар наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯ доранд, вале...

Таҳти роҳбарии бевоситаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 26 нафар наҷотдиҳандагон ба ҷустуҷӯи ҷасади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишери Мирзонабот, ки рӯзи 17-уми июн, зимни бозгашт аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон ҳамроҳи ҳамсару фарзанди хурдсол ва ёрдамчию ронандааш бо мошин ба дарё сарозер рафта буд, машғуланд.

Тавре ки сухангӯӣ КҲФ Ориф Нозимиён зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, роҳбарии гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба зиммаи полковник Иззат Қурбонзода гузошта шуда, ҷустуҷӯ ҳам дар сатҳи об ва ҳам дар зери он сурат мегирад. Ба ҳайъати гурӯҳ 10 нафар наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии КҲФ, 9 нафар аз Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва 7 нафар аз Раёсати КҲФ дар минтақаи Кӯлоб шомил буда, айни замон ҷустуҷӯ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин идома дорад, вале ҳанӯз ягон натиҷа надодааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳамроҳи Алишери Мирзонабот ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтарчаи дусолаашон Орифа Мирзонаботзода, ёрдамчии раис Садоншо Ҷанобалишо ва ронанда Сино Муборакшоев дар километри 282 шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз бо мошин ба дарёи Панҷ сарозер рафта, ғарқ шуданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД