Arzon march 2024
Арвоҳи Қурбоналӣ Абдуллоев ба Комилҷони Зариф чи гуфт?
13.06.2022
ОИЛА
1062
no-img


Ман мухлиси сарояндаи ҷавону хушсадо Комилҷон Зарипов ҳастам. Гӯш кардани суруду таронаҳои марғуби ин ҳунармандро хеле дӯст медорам. Чанд рӯз қабл шунидам, ки Комилҷон як суруди ҳунарманди зиндаёд шодравон Қурбоналӣ Абдуллоевро бозхонӣ намуда, баъдан устодашро дар хоб дидааст. Мехоҳам то куҷо асос доштани ин овозаро барои мо муайян намоед.
Далер, ш. Панҷакент

Посух

Имрӯзҳо пайгирӣ намудани ҳаёту фаъолияти сарояндагон, хусусан сарояндагони ҷавон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ хеле дастрас шудааст. Комилҷон Зарипов овозхони 29-солаи тоҷик дар саҳифаи инстаграмаш хабар додааст, ки баъди бозхонӣ намудани як таронаи шодравон Қурбоналӣ Абдуллоев ин ҳунарманди зиндаёдро дар хоб дидааст. Чунони худи Комилҷон қайд намудааст, Қурбоналӣ Абдуллоев дар хобаш ӯро бо чеҳраи хандон ба оғӯш гирифтааст. Ҳамзамон сароянда хабар медиҳад, ки ба зиёрати оромгоҳи устодаш рафта, дуову фотеҳа хондааст. Бояд қайд намуд, ки моҳи январи имсол аз марги ҳунарманди мумтоз Қурбоналӣ Абдуллоев як сол сипарӣ гардид. Номбурда дар синни 57-сола аз бемории ковид фавтида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД