Arzon march 2024
Арчаи Душанбе ба панҷгонаи арчаҳои беҳтарини солинавӣ дохил шуд!
855

Ба фаро расидани соли нави мелодӣ рӯзҳои башумор боқӣ монданд. Дар арафаи ҷашн гирифтани ин соли ҳумоюн дар тамоми гӯшаю канори олам тайёрии махсус рафта истодааст.

Дар майдону кӯчаҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон арчаҳои соли навӣ афрохта шудааст, ки ба шукӯҳи ин ид шаҳомат мебахшад. Портали ТурСтат радабандии баландтарин арчаҳои солинавиро дар соли равон дар пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард. Дар ин раддабандӣ даҳгона беҳтарин ва баландтарин арчаҳои соли навии кишварҳои ИДМ муаян карда шудаанд. Ба 5-гонаи аввали радабандӣ арчаҳои солинавии Ашқобод (37 метр), Тошканд (35 метр) Боку (34 метр) ва Душанбе (30 метр) шомиланд.
Арчаи асосии солинавии Туркманистон, ки дар радабандӣ зинаи 1-умро ишғол мекунад, рӯзи 15-декабр дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Олам” (Алем) дар Ашқобод гузошта шудааст.
Арчаи солинавии Арманистон дар майдони Ҷумҳурӣ дар Ереван қомат афрохтааст. Чароғакҳои он рӯзи 5 -декабр зимни Маросими ифтитоҳи Junior Eurovision Song Contest 2022 фурӯзон шуданд.
Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Арчаи солинавии Русия бо баландии 27 метр дар майдони Соборнаяи Кремл дар шаҳри Маскав қомат афрохт.
Қобили зикр аст, ки радабандӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти арчаҳои солинавии кишварҳои узви ИДМ тартиб дода шудааст.
Арчаҳои солинавии Беларус—Минск (27 метр), Қазоқистон— Остона (25 метр), Қирғизистон—Бишкек (25 метр) ва Молдова —Кишинёв (20 метр) низ ба 10-гонаи радабандӣ дохил шудаанд. Чунин раддабандӣ қариб ҳар сол аз ҷониби портали ТурСтат гузаронида мешаванд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД