Sebiston new 2024 october
Аноргул кӯдаки дар таваллудхонаи Русия партофтаашро баъди 5-сол пайдо кард
1712

 

Аноргул Ғайбуллоева 5 сол пеш дар яке аз таваллудхонаҳои Русия духтарча ба дунё оварда, бо сабабҳои номаълум кӯдакашро дар зоишгоҳ монда рафта буд, вале баъди 5-сол ин зани тоҷик тавонист фарзандашро пайдо намояд...

Духтарчаи ба дунё овардаи Аноргул Ғайбуллоева-Ғайбуллоева Мария Азизовнаро як оилаи бефарзанди бурятҳо ба духтархондӣ қабул карда, ҳамчун фарзанди худ ба воя мерасониданд, вале баъди 5- сол падару модари аслии кӯдак пайдо шуда, даъвои бозпас гирифтани фарзандашонро намуданд.

Пас аз талошу мубориза ва кашмакашиҳои зиёди судӣ ниҳоят додгоҳи шаҳри Иркутск қарори фарзандхонии Ғайбуллоева Мария Азизовна, соли таваллудаш 2017-ро бекор кард ва Машаро аз оилаи Бухашеевҳо гирифта, ба модари аслиаш Аноргул Ғайбуллоева, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, баргардонд. Дар ин бора Бомдод хабар додааст.

Аноргул Ғайбуллоева ва шавҳараш Азиз Асадов чанд сол боз талош доштанд, ки фарзандашонро аз оилаи бурятҳо бозпас гирифта, ба Тоҷикистон биёранд, вале Михаил Бухашеев, падархонди Маша барои аз даст надодани духтархондаш давутози бисёре кардаасту то ба ҳол мекунад. Ин марди ташнаи фарзанд ҳатто баъди қабул шудани қарори суд низ аз Машачааш даст кашиданӣ нест. Маша аллакай ҳамроҳи Аноргул дар Новосибирск мунтазири парвоз ба Тоҷикистон бошанд ҳам, Михаил Бухашеев мегӯяд, вай бо ин қарори додгоҳ розӣ нест ва бо ҷалби ҷомиа талош хоҳад кард, то Машаро ба онҳо бозпас диҳанд.

Аноргул Ғайбуллоева Машаро рӯзи 3-юми октябри соли 2017 дар яке аз таваллудхонаҳои Иркутск ба дунё овардааст. Ин зани тоҷик ба сабабҳои номаълум кӯдакашро дар зоишгоҳ монда рафта бошад ҳам, санади даст кашидан аз ҳаққи модариро имзо накардааст, аз ҳамин хотир суд қарор баровард, ки ҳукми фарзандхонии Ғайбуллоева Мария Азизовна бекор карда шуда, кӯдак ба волидони аслиаш баргардонида шавад.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД