Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” ба ду овозаи паҳншуда, ки аз ҷониби мухлисони ҳунар ба мо ирсол гардид, аз забони худи ҳунармандон посух дарҷ намудем.
Овозаи аввал дар мавриди кӣ будани шавҳари Моҳпайкар ва овозаи дуюм оиди ба кишвари Туркия сафар кардани ҳунарманди маҳбуб Ортиқи Қодир аст...
Дар қиссаи “Домоди духтару шавҳари оча” аз сарнавишти зане гуфта мешавад, ки хеле дер бахти худро меёбад, вале тақдир боз нисбати ӯ бозиҳои номардонаи худро раво мебинад...
“Марде, ки занҳоро мегирёнад” чунин унвон дорад маводи мо дар бораи зиндагиномаи яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг ва санъати миллати тоҷик, овозхони булбуловоз ва хушзавқу хушсалиқа Зиёвиддини Нурзод...
Дар маводи “Зиндагии пурдарди зани аробакаш” сарнавишти талхи як зани тоҷик, ки нони даҳони фарзандонашро аз «мусорка» меёбад, пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардад.
Қиссаи “Пирдухтар” қиссаи дили садҳо духтари тоҷик аст, ки ҳангоми дер ба шавҳар баромадан мавриди таънаву мазоқу масхараи атрофиён қарор мегиранд...
Ҳафтаномаи “Оила” боз як рубрикаи навро пешкаши ҳаводорони шабаки Ютуб мегардонад. Минбаъд дар ҳар шумораи “Оила” аз муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ бохабар шуда метавонед.
Дар шумораи навбатӣ аз навгониҳои "Ҳамсадо Comedy" то суруд дар васфи Нурулло Алиев мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!