Дар шумораи №7 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Падари беномус садқаи фарзанд шавад!”, Никоҳи пинҳонӣ кунам?”, “Зани дуюми шавҳарам шудаму рӯзам сиёҳ гашт мутолиа намуда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа маводе таҳти унвони “Дамир нақшаҳои зиёд дошт” барои мухлисони асили ин ҳунарманди зиндаёд, ки хеле ҷавон оламро падруд гуфт, дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Журналисти алфонс” сарнавишти занест, ки шавҳараш журналист буда, бо як сарояндаи аз худаш калонсол муносибати ошиқона дораду ба хотири пулу моли маъшуқааш ҳозир аст ҷонашро қурбон намояд.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кутоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кутоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари саҳифа дар рубрикаи хобномаи исломӣ маводеро таҳти унвони “Мор дар хоб чист?” мутолиа намоед.
“Духтарандарам маро аз хона ронд” зиндагиномаи пурдарди мардест, ки зани фарзанддореро ба никоҳи худ дароварда, ӯро то дами маргаш нигоҳубин ва хароҷоти зиёде мекунаду баъди марги занаш духтарандараш ӯро аз хонаи худашон меронад.
Қиссаи “Чаро Насима шавҳари рус кард?” сарнавишти духтарест, ки бо сабаби сабукпоии модар дучори ранҷу азоб мегардад ва билохира бо ҷавони русе издивоҷ намуда, тарки Ватан мекунад.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз тағйири зиндагии модари азобдидае то нақшаҳои Мубориз Усмонов” мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Мардуми мо хандаро дӯст медорад” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир мутолиа намоед.
Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Памперс писарбачаҳоро безурёт мекунад?” маводеро дар боби 5 мушкили асосии мардона, ки аз овони кӯдакӣ сарчашма мегиранд, мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!