arzon replenishment
Анонси шумораи №20-и ҳафтаномаи "Оила"
496

Дар шумораи №20 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хушдоманам талоқамро дод, чӣ кор кунам?”, “Занам зангириамро намедонад”, “Писарам зани тоҷик намехоҳад” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобномаи исломӣ таҳти унвони “Садама дар хоб чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандаи ҳафтанома посух дода шудааст.

“Падарам бомж буд” чунин унвон дорад зиндагиномаи як зан, ки аз хурдӣ падари худро надидаву танҳо пеш аз марг бо ӯ шинос мешавад. Ҳарчанд дар чунин сурат гирифтани сарнавишти худ аз модар гила надошта бошад ҳам, дар рӯзи ҷанозаи падар фаҳмидани он ки лаҳзаҳои охирини умри хешро падараш бо сахтиву хориву зорӣ паси сар намудааст, ӯро ором намегузорад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои динӣ ва маводи кутоҳеро зери сарлавҳаи “59 ҳазор сомонӣ нархи сафари Ҳаҷ-2023” мутолиа карда метавонед.

“Даҳшатбону” қиссаи навбатиест, ки дар бораи бадахлоқиву бефаросатии як зан нақл мекунад. Қиссаи мазкур давомдор буда, анҷоми онро дар шумораи навбатии ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Асали ёр”-и Ёсамин Давлатова то “Нея”-и Nek xxl ва Shahkom” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз ҳаёти ситораҳо” таҳти унвони “Сюрприз”-и Нигина ва Мадина дар Австралия” мусоҳибаро аз рафти сафари ҳунарии ҳунармандони шинохта Нигина Амонқулова ва Мадина Ақназарова мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Чаро марди солим аз лаззати падарӣ бебаҳра мемонад?” маводи тиббиро дар боби безуриётии мардона мутолиа намоед.

“Дар Ҳаҷ аввал Ватан пеши назар омад” чунин ном гирифтааст мусоҳибае, ки дар рубрикаи “Хонавода” бо “барбер”, яъне сартароши шинохта Абдулло Шарипов, ки ҳамчун шавҳари ровии маъруф Сабринаи Назрӣ шинохта шудааст, анҷом дода шудааст.

 

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД