Дар шумораи №17 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Язнаам аз духтардор шуданаш ношукрӣ карду...”, “Ба хотири тоҷикбача тарки Ватан кардам”, “Ҳаёти духтари мардумро насӯзонед!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа хобномаи исломӣ таҳти унвони “Президент дар хоб?” таҳия гардидааст.
Қиссаи “Арӯси фирорӣ” қиссаи ишқи ду навҷавонест, ки ҳамдигарро дӯст медоранду дар дил орзуву умедҳои зиёд мепарваранд. Азбаски ҷавон дар хонаи бачаҳо ба воя расида буд, волидони духтар монеи ба ҳам расидани онҳо мегарданд. Духтар ба шавҳар мебарояд, вале баъди чанде ошиқаш пайдо мешаваду... Идомаи қиссаи мазкурро дар шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа карда метавонед.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” саволу ҷавобҳои диниро оид ба фазилатҳои моҳи шарифи рамазон ва маводи дигареро дар мавзӯи “Чаро фитри рӯза бояд дод?” пешниҳоди хонандагони ҳафтанома намудем.
“Ман ҳаргиз алфонс набудам” зиндагиномаи мардест, ки баъди марги ҳамсараш ба зани аз худаш 13 сол калон ошиқ мешавад, вале ин зани дар зиндагӣ муваффақ дар аввал ӯро қабул намекунад. Баъди он ки мард “алфонс” набуданашро собит менамояд, зиндагии хубу осоиштае насибашон мегардад.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз хайри блогерони тоҷик дар Сурия то назарпурсии муҳим” мутолиа намоед.
“Саҳна ман маниро намеписандад!” чунин унвон дорад маводе, ки аз ҳаёту фаъолияти сарояндаи шинохта ва маҳбуби кишвар Луҳира Муъминова навишта шудааст.
Дар саҳифаи “Чеҳра” таҳти унвони “Дар вақташ фаррошӣ ҳам мекардам” суҳбати журналисти ҳафтаномаро бо ҳунарманди саршинос Моҳпайкар Ёрова мутолиа намоед.
Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “7 беморие, ки аз пурхӯрӣ сар мезанад” маводи тиббиро дар боби бемориҳои мазкур ва пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!