arzon replenishment
Анонси шумораи №11 ҳафтаномаи “Оила”
16.03.2023
ОИЛА
543

 Дар шумораи №11 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарро дӯст дорӣ, саги хонаашро ҳам дӯст медорӣ”, “Ба “морг” афтидаму арӯсам шавҳар кард”, “Хиёнати арӯсро ба акоям гӯям?” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Аз идивоҷ наметарсам, вале” мусоҳибаи сарояндаи ҷавону хушовоз Миноро, ки аз барномаи “Ногуфтаҳо” таҳия гардидааст, мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Рӯзи сиёҳи духтари бе оча” сарнавишти апаву хоҳаронест, ки хеле барвақт модари худро аз даст медиҳанд ва аз ҷониби моиндар азобу шиканҷаи зиёде мебинанд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” дар суҳбат бо руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо саволу ҷавобҳои диниро оид ба фазилатҳои моҳи шарифи рамазон мутолиа намоед.

“Нома ба шавҳар” номаи зани азияткашидаест, ки умре аз ҷониби шавҳар ранҷу озор дида, билохира ба бистари беморӣ меафтад.

Дар қиссаи “Ишқ не, доми бало” сарнавишти марде рӯи қалам оварда шудааст, ки ба доми зани бероҳаву фиребгар афтида, оқибат ба зиндон меафтаду дар он ҷо вафот мекунад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз ҳушдори Диловар Сафаров то мошини 30 миллиона бурд кардани ҷавони тоҷик” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Келинам аз ними сухан маро мефаҳмад” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди собиқадор Мастона Эргашева оиди фаъолиятӣ корӣ ва зиндагии имрӯзааш дар суҳбати рӯ ба рӯ мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Зуком ба кӯдакон чӣ хатар дорад?” маводи тиббиро дар боби бемории зуком дар атфол ва пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД