Дар шумораи №10 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хайрият зани дуюм нашудам”, “Хушдоманам моро оилавайрон мекунад”, “Ҳаёти писарамро сӯхтам” мутолиа намуда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Аз паси унвон намедавам” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Зарина Бадалова мутолиа карда метавонед.
Қиссаи “Аввал ғарқам кардию баъд наҷотам додӣ” сарнавишти духтарест, ки бо ҳамсинфаш муносибати маҳрамона мекунад, вале волидонаш ӯро бо писари аммааш оиладор менамоянд. Оқибат доманбохта будани арӯс фош мегардаду духтар шармандавор аз хонаи бахти худ ронда мешавад. Гардиши қисмат ин духтарро ба кишвари рус бурда, ба доми зани духтарфурӯш меафтад, вале аз ин вартаи бало бо кумаки ҳамон ҳамсинфаш халос мешавад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар мавзӯҳои динӣ посухи кутоҳ дода шудааст. Дар қисмати дигари саҳифа хобномаи исломиро таҳти унвони “Заминҷунбӣ дар хоб чӣ таъбир дорад” мутолиа намоед.
“Ангуштарин” боз як қиссаи аҷибест, ки занону духтарони ҷавонро ба сабру таҳаммул ва дурандешӣ даъват мекунад.
Дар қиссаи “Ошиқи зани аз худам 15 сол калон шудам” сарнавишти марде рӯи қалам оварда шудааст, ки ба зани аз худаш нисбатан калонсол ошиқ шудаасту оиладор шудан мехоҳад, вале зан ба ин издивоҷ розӣ нест.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Ишқ”-и Нигина Амонқулова то пайроҳаи духтари тоҷик дар Олмон” мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “”Маро Юлдузи тоҷикӣ мегӯянд” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро дар суҳбати рӯ ба рӯ мутолиа намоед.
Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “5 бемории паҳншудаи занона?” маводи тиббиро дар боби бемориҳои занона ва пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!