arzon replenishment
АНҶЕЛИНА ҶОЛӢ АМРИКОРО БО БРИТАНИЯ ИВАЗ КАРД
29.08.2020
ОИЛА
1373

 

Анҷелина Ҷолӣ, ҳунарпеша ва модели 45-солаи амрикоӣ қаблан хабар дода буд, ки мехоҳад Амрикоро тарк карда, ба кишвари дигар биравад. Хабаргузории “Новости”-и Русия бо такя ба “Mirror” менависад, ки ҳунарпеша ният дорад, бо фарзандонаш ба Британияи Кабир кӯчида, оянда дар он ҷо зиндагӣ кунад.

Ба навиштаи нашрия, ҳоло ҳунарпеша дар шаҳри Ричмонди Англия барои зиндагии ояндаи худу фарзандонаш хонаи мувофиқ меҷӯяд. Анҷелина Ҷолӣ чунин мешуморад, ки Ричмонд аз ҷиҳати фарҳанг ва таҳсил барои фарзандонаш ҷои беҳтарин аст. Анҷелина Ҷолӣ собиқ ҳамсари ҳунарманди 56-солаи амрикоӣ Брэд Питт мебошад. Ҷуфти ҳунарманд баъди қариб 10 соли муносибатҳои ошиқона, 23-юми августи соли 2014 дар Фаронса оиладор шуда буданд.

19-уми сентябри соли 2016, баъди ду соли оиладорӣ ҳунармандон барои аз ҳам ҷудо шудан ба суд ариза доданд ва 12-уми апрели соли 2019 расман аз ҳам ҷудо шуданд. Сабаби ҷудошавии онҳо масъалаҳои ҷиддии оилавӣ гуфта мешавад. Хонум Ҷолӣ дар умум 6 фарзанд дорад: Мэддокс (19-сола), Пакс (16-сола), Заҳара (15-сола), Шайло (14-сола) ва дугоникҳо Вивен ва Нокс (12-сола).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД