Arzon march 2024
АМИРХОН БО ҲАМСАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ ЧАРО ВОХӮРӢ КАРД?
2474

Амир Хон, ҳунарманд ва коргардони 55-солаи ҳинд айни замон барои наворбардории филми навбатиаш дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия қарор дорад ва бо истифода аз фурсати муносиб, бо ҳамсари президенти ин кишвар, хонуми аввали Туркия Амина Эрдоған мулоқот анҷом додааст.

Хабаргузории “Диалог” бо такя ба расонаҳои ҳиндӣ менависад, ки як қатор сиёсатмадорони ҳизби ҳукмрони Ҳиндустон вохӯрии ҳунарманди маъруфи Болливудро бо хонуми аввали Туркия танқид кардаанд. Сиёсатмадорони ҳинд гуфтаанд, ки Туркия ва шахсан президенти он Раҷаб Тайиб Эрдоған ҳамеша масъалаи “ишғоли Кашмир”-ро танқид карда, аз “вазъи мусалмонони Ҳиндустон” изҳори нигаронӣ мекардааст.

Бинобар ин, онҳо мулоқоти ҳунармандро, ки дини Исломро қабул кардаву мусалмон аст, бо Амина Эрдоған номувофиқ мешуморанд. Ба гуфтаи расонаҳои Ҳиндустон, Амир Хон қаблан аз мулоқот бо сарвазири Исроил худдорӣ карда будааст ва ҳоло вохӯриаш бо ҳамсари президенти Туркия барои онҳо мисли муаммост. Ҳунарманд бо хонуми аввали Туркия кадом масъалаҳоро баррасӣ кардаанд, маълум нест.
Aamir Khan: Yardımı yapan kişi ben değilim

Ёдовар мешавем, ки ҳиндустониҳо қаблан ҳам Амир Хонро барои нақшовариаш дар филми “PK” зери тозиёнаи танқид гирифта буданд.
Aamir Khan yeni filmi için Türkiye'ye geliyor - MEDYA Haberleri

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД