Дар шаҳри Душанбе бо сабаби заҳролудшавӣ аз дуди ангишт шаш узви як хонавода ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса шаби 27-уми феврал дар маҳаллаи “Гранзавод”-и пойтахт рух дод.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як оила падар, модар ва 4 фарзанди онҳо аз дуди ангишт ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо шабона заҳролуд шудаанд. Соатҳои тақрибан 11-и рӯзи 28-уми феврал ҳамсояҳо аз ин ҳодиса огоҳ шуда, онҳоро фавран ба беморхонаи “Истиқлол” бурдаанд. Ҳамаи фавтидагон дирӯз ба хок супорида шуданд.