Sebiston new 2024 october
АЛМОСУ ҶОҲИД БА ВИСОЛИ ҲАМ МЕРАСАНД?
07.09.2021
Оила
1867

 

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Тугче Кумрал (Tugçe Kumral).

Сол ва ҷойи таваллуд: 19.03.1983, шаҳри Измири Ҷумҳурии Туркия.
Маълумот: олӣ.
Қад: 165 см.
Касб: ҳунарпешаи синамо.
Вазъи оилавӣ: муҷаррад.

Тугче Кумралро тоҷикистониён дар нақши Алмос аз силсилафилми “Ҳаргиз раҳо намекунам”, ки аз ҷониби студияи “Нурангезфилм” дар шабакаи YouTube аз туркӣ ба тоҷикӣ тарҷума мешавад, мешиносанд. Ин ҳунарпеша чунон бомаҳорат нақшофарӣ мекунад, ки бинанда ҳар як саҳнаи иҷрокардаи ӯро бесаброна интизорӣ мекашад. Баъзеҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд, ки агар Алмос набошад, силсилафилм маъно надорад. Силсилафилми “Ҳаргиз раҳо намекунам” дар ҳоли анҷомёбист ва фикр мекунам, ки дар баробари тақдири қаҳрамонҳои асосии филм Йигит (Толгахон Сайишман) ва Нурия (Амина Гулше), тақдири Алмос (Тугче Кумрал) низ барои тамошобинон ҷолиб аст. Ба ҳамин хотир, ин навбат мо тасмим гирифтем, ки аз дирӯзу имрӯзи Тугче бохабар шуда, каме ҳам бошад, ба шумо маълумот диҳем.
photo_2021-09-03_10-31-03

Зиндагинома

Тугче Кумрал 38 сол дорад. Ӯ 19-уми марти соли 1983 дар шаҳри зебоманзари Измир, 480 километр дуртар аз пойтахти Туркия, шаҳри Истанбул, ба дунё омадааст. Дар бораи даврони кӯдакӣ ва хонаводаи Тугче маълумоти зиёд вуҷуд надорад, зеро ӯ низ чун аксари ситораҳо дар бораи худу хонаводааш ҳарф задану маълумот доданро дӯст намедорад. Ҳамин қадар маълум аст, ки бачагии ҳунарпеша дар зодгоҳаш гузашта, хатмкардаи Донишгоҳи 9-уми сентябр (“Dokuz Eylül Üniversitesi”)-и шаҳри Измир мебошад.

Ҳунарпешаи тасодуфӣ, вале бомаҳорат

Тугче дар нахустин силсилафилми худ ҳанӯз 12 сол муқаддам, яъне соли 2009 нақш офарида буд. Бояд қайд кард, ки омадани Тугче ба синамо тасодуфе беш нест, зеро ӯ на хатмкардаи донишгоҳи санъат асту на аз ҳунару ҳунармандӣ чизеро медонад. Дар донишгоҳе, ки Тугче таҳсил кардааст, факулта ё худ ихтисоси ҳунармандӣ вуҷуд надорад. Пас, бо дили пур гуфта метавонем, ки Тугчеро маҳз ҳунари волову маҳорати баландаш ба синамо овардааст. Имрӯз ҳар як бинанда ба ҳунари ӯ каф мекӯбаду офарин мехонад, зеро Тугче дар ҳақиқат ҳунарпешаи бомаҳорат ва тасхиркунандаи қалбҳост.

Филмнома

Соли 2009 Тугче дар силсилафилми “Оё ин дил туро фаромӯш мекунад?” нақш офарид ва ҳамин тавр, ба синамои турк роҳ ёфт. Дар давоми 12 соли фаъолияти эҷодиаш, дар беш аз 10 силсилафилм нақш офаридааст. “Дили шикаста” (2010), “Новобаста аз ҳеҷ чиз” (2011), “Рӯймоли сурх” (2011), “Ҳикояи куҳна” (2013), “Ҳикоятгар” (2014), “Қонуни муҳаббат” (2014), “Ҳаргиз раҳо намекунам” (2015), “Тапиши дил” (2017) ва “Паррандаи саҳархез” (2018) намунае аз силсилафилмҳои нақшофаридаи Тугче мебошанд.

“Ҳаргиз раҳо намекунам”

Яке аз силсилафилмҳое, ки Тугчеро на танҳо дар худи Туркия, балки дар хориҷ аз кишвараш, махсусан, дар Тоҷикистон машҳур кардааст, силсилафилми “Ҳаргиз раҳо намекунам” мебошад. Дар силсилафилми мазкур Тугче бо тобноктарин ситораҳои синамои Туркия, аз қабили Толгахон Сайишман (Йигит), Амина Гулше (Нурия), Шафақ Покдамир (Иҷлал), Тугай Марҷон (Ҷоҳид), Оишагул Гунай (Айтул) ва дигарон, нақш офаридааст. “Ҳаргиз раҳо намекунам” драмаи телевизионӣ буда, аз ҷониби коргардонҳо Ниҳод Дурак, Айсун ва Акюз Эда Тексез давоми солҳои 2015-2016 рӯйи навор омадааст. Аз се мавсим ва 59 қисм иборат мебошад.
photo_2021-09-03_10-31-07

Алмос ба висоли Ҷоҳид мерасад?

Дар силсилафилми мазкур Тугче нақши Алмосро бозидааст. Алмос духтари хизматгори оилаи бузурги Козанҳо мебошад ва дар ширкати мошинбарории онҳо кор мекунад. Ӯ бо писари калонии Козанҳо, Ҷоҳид Козан пинҳонӣ ишқварзӣ карда, дар охир аз ӯ ҳомиладор мешавад. Дар ин миён Нозон, ҳамсари Ҷоҳид аз муносибати шавҳараш ва Алмос огаҳӣ пайдо карда, онҳоро аз ҳам ҷудо кардан мехоҳад, аммо ба мақсад намерасад. Зеро Алмос дар охир писар таваллуд мекунад ва Ҷоҳид ӯро ба никоҳи худ медарорад.

Ҳаёти шахсӣ

Тугче дар шабакаи Инстаграм саҳифаи аслии худро дорад ва аз ҳаёти ҳаррӯзааш мухлисонашро огоҳ месозад. То ҳол муҷаррад аст ва боре ҳам издивоҷ накардааст. Дар корҳои минбаъдаи ин ҳунарпешаи паричеҳра бурдборӣ таманно карда, орзу мекунем, ки зудтар ба висоли марди орзуҳояш бирасад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД