1xbet
Алишер Илмолимов: Машҳур не, маҳбуб бояд шуд
132

“Молу давлат биёбӣ ҳам падар модар намеёбӣ...” Ин сурудро аксари Шумо дар иҷрои ҳунармандони гуногун шунидаед. Сарояндаи аввалини ин суруд Алишер Илмолимов аст. Сарояндаи хушовоз кайҳост, ки миёни ҳаводорони савту наво дар Тоҷикистону Ӯзбекистон маъруф аст. Фақат ҳамин суруди ӯро беш аз 20 сарояндаи Ӯзбекистон бозхонӣ кардаанд. Хабарнигори ио бо Алишер Илмолимов ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он манзури Шумо мешавад.

- Дар баъзе наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, маълум мешавад, ки Шумо хеле барвақт ба санъат рӯй овардаед. Мегуфтед, ки чанд сол мешавад рӯйи саҳнаед?

- Барои ба олами санъат рӯй оварданам падари бузургворам сабаб шудаанд. Ҳанӯз хурд будам, ки он кас асбобҳои гуногуни мусиқиро оварда маро ба навохтан талқин мекарданд. Сипас, ба мактаби мусиқӣ гузоштанд. Дар он ҷо аз устодони соҳа Ҳусейн Алламуродов, Мирфаёз Мирғиёсов ва дигарон навохтану суруданро омӯхтам. Ҳанӯз 5 сола будам, ки дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳи устодон суруд мехондам. Баъзан танҳо рубоб ё дигар асбоби мусиқиро менавохтам. Ҳамин тавр, ба олами санъат рӯй овардам. Мана, зиёда аз 40 сол аст, ки ба сарояндагӣ машғулам.

- Шумо шогирди ситораи тобони санъати тоҷик равоншод Абдурауф Олимов будед, ҳамзамон, бо сарояндаи маҳбуби ӯзбек шодравон Охунҷон Мадалиев робита доштед. Аз онҳо чӣ хотираҳо доред?

- Воқеан Абдурауф Олимов ва Охунҷон Мадалиев бо таронаҳои пурмазмуну мондагор аз дили халқ ҷой гирифтаанд. То ҳол сурудаҳои эшон зеббахши маҳфилҳову вирди забони дӯстдорони сурудҳои ноб аст. Абдурауф Олимов ниҳоят инсони хоксор заминиву меҳрубон буданд. Дар интихоби шеъру оҳанг борикбинона назар мекарданд. Дар бисёр чорабиниву маъракаҳо якҷо суруд хондаем. Бо Охунҷон Мадалиев бошад, соли 1992 дар шаҳри Истаравшан вохӯрдаем. Устод ҳамон вақт аз таҷрибаҳои худ нақл карда, бароям дуо доданд. Мутаассифона, бармаҳал дунёи фониро тарк гуфтанд. Барои бузургдошти Охунҷон Мадалиев “Хотира” ном тарона ҳам дорам.

- Таронаи “Молу давлат биёбӣ ҳам падар модар намеёбӣ...” (Ба ӯзбекӣ "Ота онанг топилмайдӣ"), ки бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ сурудаеду баъдан сарояндагони ӯзбек ва қазоқу қирғиз бозхонӣ кардаанд, чӣ тавр эҷод шуд?

- Ҳанӯз соли 2002 шоири зуллисонайн Султонмурод Ҳоҷибоев "Дунёга севмоқлиг учун келган ман" (Ман ба дунё барои дӯстдорӣ омадам) ном маҷмӯаашонро тӯҳфа карданд. Вақте саҳифаҳои китобро варақ задам, чашмам ба ҳамин шеър афтод. Пайваста дар фикри эҷоди ин тарона будам. Чандин оҳангҳо эҷод карда санҷидем, вале мувофиқ наомад. Ҳамин тавр, охирҳои соли 2013 суруд эҷод шуд. Навозанда Ихтиёр Ҳайитов ва тарҷумони тоҷикиаш Ҳайитбой Турдиалиев мебошанд.

Ин таронаро дар консерту чорабиниҳо ва тӯю маъракаҳо месурудам. Мухлисон сабти аудиоияшро бо расми ман Ютуб гузоштаанд. Он дар муддати кӯтоҳ ҳам миёни сомеон ва ҳам санъаткорон маҳбубият пайдо кард. Баъдан воқиф шудам, ки баъзе сарояндагони Ӯзбекистон бе зикри муаллиф таронаро сурудаанд. Ҳамин тавр, ба ташкилоти ғайридавлатии "Ҳуқуқи муаллифи"-и шаҳри Тошканд муроҷиат кардам. Шукр, ки дарҳол ба муроҷиатам расидагӣ карда, ҳуқуқҳои муаллифиямро ҳимоя карданд. Ҳоло қариб 20 санъаткори ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон ин таронаро сурудаанд. Аз ҷумла, дӯсти азизи мо Шерзод Эргашев соли 2024 бозхонӣ карда, ба он намоҳанги ҷолиб низ сабт кард. Баъдан баъзе сарояндагони қазоқу қирғиз ҳам бозхонӣ намуданд, ки албатта ин ифтихор аст.

- Ин қадар шӯҳратёр шудани ин таронаро дар чӣ мебинед?

- Матни тарона мӯҳтавои баланд дорад. Он танҳо суруд нест. Дар он тарбия, ҳақиқат ва фалсафаи бузург нуҳуфтааст. Воқеан инсон молу давлат меёбад, аммо падару модарро, ки азизу меҳрубону ғамгусор аст, намеёбад. Барои ҳамин волидайнро вақти зинда буданашон бояд қадр кард. Хуллас таронае, ки дар мавзӯи падар модар эҷод мешавад, шоҳи таронаҳост ва ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад.

- Аз нигоҳи шумо чихел тарона метавонад ҷовидон бошад?

- Аслан суруд аз се қисм иборат аст, матн, оҳанг ва иҷро. Аз ин рӯ, барои ин пеш аз ҳама матни суруд мазмуну мӯҳтавои баланд дошта бошад. Дар суруд интихоби шеър нақши муҳим дорад. Дуввум оҳанги мувофиқ таронаро зеб медиҳад. Барои аз дили шунаванда ҷой гирифтани он мусоидат мекунад. Сеюм аз чӣ тавр иҷро кардани сароянда вобаста аст. Мутаассифона, баъзеҳо ба ин аҳамият намедиҳанд. Фикр мекунам солҳои охир ҳаводорони савту наво ҳам, на ба матн, балки ба мусиқӣ эътибор медиҳанд. Дар гузашта мардум сурудро гӯш мекарданд, аз он ғизои маънавӣ меҷустанд. Ҳоло ҷойи сурудҳои маънавиро таронаҳои фароғатӣ иваз кардаанд. Имрӯзҳо як истилоҳе низ бо номи "шоу бизнес" пайдо шудааст. Ба назари банда ба тиҷорат табдил додани санъат хатост. Он ба санъати волои мо таъсири манфӣ мерасонад. Чунин раванд идома ёбад сифат не, миқдор зиёд шуда, таронаҳои ҷовидону мондагор кам мешаванд. Охир санъаткор машҳур не, маҳбуб бояд бошад.

- Бештари сурудҳои шумо бо забони тоҷикиву ӯзбекӣ буда, як таронаро бо ду забон месароед. Дастрасӣ пайдо кардан ба матни тоҷикиву ӯзбекӣ душвор нест?

-Дар олами адабиёти тоҷик шоироне ҳастанд, ки дар ҷаҳон назир надоранд. Албатта, мо ба шоирони худамон муроҷиат мекунем. Дар Тоҷикистони азизи адабиётпарвару адибдӯст, адабиёти ӯзбек низ хеле рушд кардааст. Аз ин рӯ, вақте барои суруд шеъреро интихоб мекунем шоирони худамон бо забони тоҷикӣ ё ӯзбекӣ тарҷума мекунанд.

Боре устодамон гуфта буданд, ки ҳофизи машҳури Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комилҷон Отаниёзов ба шоири шаҳири тоҷик устод Мирзо Турсунзода барои оҳанги лазгӣ, ки таърихи қадима дорад, навиштани шеъреро хоҳиш кардаанд. Сипас, Устод Турсунзода матни суруди лазгиро эҷод кардаанд. Мисраи аввали ин таронаи шӯх далели ин гуфтаҳост. "Асирам, бенавоям, бекасам, гирифторам амон". Дидед, адабиёти мо чихел ганҷинаи нотакрори олам аст. Бояд мо санъаткорон онро самаранок истифода барем.

- Гуфтед баъзе таронаҳоятонро дар Қирғизистону Қазоқистон низ бозхонӣ кардаанд. Оё дар ин кишварҳо сафари ҳунарӣ доштед?

- Не, танҳо тую маъракаҳо даъват шудаам. Ягон маротиба дар ин кишварҳо консерт нагузоштаам. Лекин, борҳо шабакаҳои телевизиони "Зӯр" тв, "Ёшлар", "Тошканд" дар барномаҳои телевизионӣ даъват кардаанд. Боре бо Шерзод Эргашев дар якҷоягӣ таронаи "Падар модар намеёби"-ро бо забони тоҷикиву ӯзбекӣ суруда будем.

- Ҳоло чӣ нақшаҳо доред. Метавонанд мухлисонатон аз шумо Шоу-консерте интизор бошанд?

- Ҳамарӯза аз пайи эҷод ҳастем. Кӯшиш мекунем барои мухлисони азиз таронаҳои мондагору ҷовидон эҷод кунем. Дар фурсатҳои наздик ҳамин, ки имкон даст дод консертамонро баргузор мекунем.

- Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД