Санаи 11-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Абдухолиқ Амирзода доир ба таҳлили муфассали низоми ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумотҳои омории соҳаи тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласаи мазкур роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат, коршиносони соҳа, шарикон оид ба рушд ва намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз кишвари Қазоқистон иштирок намудаанд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва мақсади баргузории ҷаласаи кориро ба самъи иштирокчиён расонидааст. Тавре зимни суханронии хеш номбурда иброз доштааст, таҳлили дар ин самт анҷомшуда нишон додааст, ки ҷамъоварии маълумот дар муассисаҳои тиббӣ мунтазам амалӣ мегардад, аммо дар раванди кор баъзе мушкилот, аз ҷумла такроршавии маълумот, номукаммал будани ҳамоҳангсозии ҳисоботҳо ва фарқиятҳо дар сифат вуҷуд доранд.
Таъкид карда шудааст, ки маълумоти боэътимод - ин заминаи асосии қабули қарорҳои дуруст мебошад. Аз ин рӯ, барои беҳтар намудани вазъ зарурати таҳияи стандартҳои ягонаи сифат, гузаронидани омӯзишҳои мунтазам барои кормандони омор ва тақвияти низоми аудити маълумот махсус қайд карда шудааст.