Formula novemver 2024
АКТРИСА ЛУҚМАИ ГУРГОНИ МАСТ ШУД, АММО ...
4791

 

  Даричаи ошноӣ:

Шояд номи Элиз Сар барои хонандагони мо ношинос намояд, вале Маликаро аз силсилафилми туркии «Ҳомиён» мардум хеле хуб мешиносанд. Элиз ҳамон Маликаи зебою ҷасурест, ки хурду калон дӯсташ медоранд. Ин зебосанам 30 майи соли 1978 дар Германия ба дунё омадааст.

Волидонаш аслан туркнажоданд, вале бо сабаби моделер будани падараш баъдтар оилаи онҳо ба Аврупо кӯчидааст. Элиз донишгоҳи бонуфузи Мармараро дар бахши туризм хатм намуда буд, вале тақдир ин духтараки фариштарӯю ҳунармандро бо пайроҳаи дигар бурд.  

Шавқи дидори Ватан

Дар Аврупо зиндагии шоҳона дошта бошанд ҳам, дили Элиз аз овони кӯдакӣ ба ёди диёри аҷдодиаш гум мезад. Шавқи дидори Ватан чунон дар қалби кӯчакаш аланга мезад, ки духтарак орому қарорашро гум карда буд ва ба ҷону ҳоли падараш намонда, маҷбур менамуд, ки ба Анқара ба аёдати бибиву бобояш бираванд. Азбаски Элиз духтари ягонаашон буд, волидон хоҳиши нури дидаашонро рад накарда, рахти сафар ба Туркиё барбастанд.

Зиёфати тақдирсоз

Ҳама хешовандони падараш дар соҳаи кино кору фаъолият доштанд ва маҳз ҳамин чиз тақдири Элизи нозанинро бо синамо пайваст. Кинорежиссёрони машҳури турк дар як зиёфати хоса, ки дар хонаи амакаш ба муносибати ба Туркия омадани онҳо баргузор гашта буд, қаду қомати мавзуни зебосанами аз Аврупо ба меҳмонӣ омадаро дида, мафтуни ҳусну ҷамолаш гаштанд. Ин киносозон дар бахши синамо аллакай “гурги борондида” буданд ва дарҳол эҳсос намуданд, ки пайдо шудани чунин фаришта дар экрани кино дили миллионҳо мухлисони синаморо тасхир хоҳад кард, аз ин хотир аз падараш Эртан хоҳиш намуданд, ки барои дар як филми навашон нақш бозидани Элиз иҷозат диҳад.

Духтари Ватан

Элиз як муддат ҳамроҳи хешовандони падараш дар кино фаъолият намуда, чунон ба касби актёрӣ муҳаббат пайдо кард, ки дигар ҳушу хаёлаш танҳо бо синамо банд буд. Нақшҳои меофаридааш чандон калон набошанд ҳам, духтарак тамоми маҳораташро сарф карда, образҳоро бисёр муассир меофарид. Ҳунари асил ва дили саршори меҳру муҳаббати ин паричеҳра аз назари кормандони театр пинҳон намонд ва Элизи нозанинро ба театри давлатии Туркиё ба кор даъват намуданд. Дар театр низ зебосанам бо офаридани нақшҳои ҷаззоб тамошобинонро ба ваҷд оварда, бомаҳорат буданашро собит намуд. Акнун бо пайдо шудани Элиз дар саҳна толор аз мавҷи кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон меларзид. Вақти бозгашт ба хона кайҳо фаро расида буд, вале Элизи якраву эрка ба ҳеҷ ваҷҳ ба баргаштан ба Аврупои тозаю озодаи пур аз шӯру шар, ки аксари сокинони Туркия дар орзуяш буданд, розигӣ намедод. Эртан бисёр кӯшиш карда бошад ҳам, духтари нозпарвардашро ба Аврупо бурда натавонист, чунки дар сарзамини бобогияш Туркия бо амри тақдир дари шуҳрат ба рӯи Элиз боз гашта, аллакай риштаи тақдири зебосанами ҳунармандро якумра бо Ватан пайваста буд.

Духтари ҷосус

Филме, ки дари шуҳрати ҷаҳониро ба рӯйи Элиз кушод «Ҳомиён» аст. Нақши духтари ҷасур Маликаро бисёр табиӣ ва муассир офарида, ин зебосанам ба маликаи орзуҳои миллионҳо миллион одамон дар гӯшаю канорҳои гуногуни олам мубаддал гашт. Симои ҷаззоб ва нигоҳи ошиқкуши ин париваш аз пардаи синамо ба дили ҳазорон ҳазор ҷавонмардон тири ишқ мезад. Ҳусну ҷамоли афсонавии Малика ҷавонони дилбохтаро кару гунг мекард.

Арӯси дар хун оғӯшта

Ҳодисаҳои сериали “Ҳомиён” бисёр тезу тунд сурат мегиранд, вале лаҳзаҳои аз ҳама пурсӯзаш сарнавишти ишқи Малика ва Йигит аст. Йигит ба духтари душмани ҷониаш Малика ошиқ мешавад ва арӯсашро бо дӯстони ҷониаш, аз ҷумла Наҷиб-сардор шинос мекунад. Малика бояд бо амри падараш, ки яке аз душманони ҷонии Йигит ба шумор мерафт, ин ҷавони шердилро мекушт, вале ба ҷойи ин вай ба Йигит дил бой медиҳад. Ошиқи зори Йигит гашта, Маликаи пештар дар мактаби террористӣ таҳсилкарда бори нахуст дар умраш дар байни дуроҳаи тақдир мемонад. Билохира ишқи Йигит бар муҳаббати фарзандии ин нозанин нисбати падари ҷинояткораш ғолиб меояд ва Малика дар хонаи Наҷиб-сардор ҳамроҳи ошиқаш мемонад. Кабӯтар ва Нӯҳангушта аз ин кори Малика ба ғазаб омада дар фикри куштани ин зебосанами “хиёнаткор” меафтанд. Онҳо нақша мекашанд, ки дар рӯзи тӯйи арӯсии Йигиту Малика ба ҷони домод сӯйиқасд менамоянд. Пикас дар маросими издивоҷи ошиқон пайдо шуда, мехоҳад Йигитро ба қатл расонад, вале Маликаи дар тан либоси сап-сафеди арӯсӣ қасди ҳароми ӯро пай бурда, худашро дар ҳифзи маҳбубаш сипар мекунад. Тири Пикас ба Малика расида, дили пурорзуи арӯси нокомро дар як дам сӯрох мекунад. Лаҳзаҳое, ки Йигит арӯси оғӯштаи хоку хунашро рӯйи даст бардошта, девонавор дод мезанад, чунон пурсӯзу гудозанд, ки селоби ашк аз чашмони тамошобини сангдилтарин ҳам беихтиёр мешораду мешорад. Пас аз дафни Малика одамони нӯҳангушта гӯри арӯси зеборо кофта сарашро аз танаш ҷудо мекунанду дар халта андохта мебаранд. Ин манзараҳоро дида дили кас ба фиғон меояд. Филм бисёр даҳшатангез, вале чунон ҷаззоб аст, ки тамошобинон чашмони пурашкашонро аз экран канда наметавонанд.

Шуҳрат бӯйи хун дорад

Дар байни дилбохтагони Малика ошиқони хира зиёд буданд ва шабу нимашаб ба хонааш зада медаромаданду ба Элиз пешниҳоди издивоҷ менамуданд. Зебосанам бо нармӣ мефаҳмонд, ки тӯю хонадоршавӣ кори саҳл нест ва ӯ наметавонад дӯст надошта, риштаи тақдирашро бо марде пайвандад. Ин ҷавоби бонуро аксари ошиқони хира танҳо нозу нузи ситораи машҳур пиндошта, таҳдид мекарданд, ки рӯзи Элизро ба шаби тор мубаддал месозанд. Элизи фариштахӯ аз тарси он ки мабодо луқмаи яке аз ин гургони маст нагардад, шабҳоро дар хонаи дӯстонаш рӯз мекард.

Домод аз Фаронса

Моделери машҳури Турк Толга Гюлез, ки дар Франсия зиндагӣ мекард, симои ҷаззоби ин паривашро дар экрани кино дида, ошиқи шайдои Элиз гашт. Ишқи покаш Толгаро аз Фаронса ба Туркия овард. Моҳҳо фариштаи орзуҳояшро ҷустуҷӯ намуда, ниҳоят вай Элизро дар телевизиони Саманоғлу пайдо намуд. Онҳо бо як нигоҳ волаю шайдои ҳамдигар гаштанд. Элизро ҷавонони зиёд дӯст медоштанд ва тайёр будан ҷонашонро фидои як нигоҳи ҷонсӯзаш намоянд, вале зебосанам шавҳари ояндаашро дар симои Толга дарёфта ба издивоҷ розигӣ дод. Маросими никоҳи ин домоду арӯси шуҳратманд бисёр зебо ва тӯяшон пуршукуҳ гузашт.

Шоҳзодаи орзуҳо

Журналистони кунҷков ба ҷону ҳолаш намонда ҳамеша аз Элиз мепурсиданд, ки чаро ошиқони зиёд дошта бошад ҳам, ишқи марди аз худаш 13-сол калонро пазируфт. Магар боигарӣ дилашро рабуд? Актрисса дар ҷавоби ин савол ҳамеша як гапро мегуфт:

-Сарват барои ман моҳият надорад. Шукри Худо, боигарии худам аз мӯйи сарам зиёд аст. Қавииродагии Толга маро мафтун намуд. Шавҳарам маро сидқан дӯст медорад ва ман ҳам тайёрам барояш ҷонамро фидо созам. Ин хел муҳаббати покро пайдо кардан дар замони мо амри маҳол аст!

Депутат ё фоҳиша?

Элиз Сарро бадхоҳонаш фоҳиша меноманд. Сабаби паҳн гаштани чунин овозаи иснодовар ролики 15-дақиқагиест, ки дар он як хонуми ба Элиз монанд бо марди калонсоле ишқварзӣ мекунад. Аксҳои урёнро аз ин ролик дар газетаҳо чоп карда, журналистон Элизро қариб хонавайрон менамуданд. Зебосанами ба туҳмат гирифторшударо аз як тараф рашки шавҳараш азоб медоду аз сӯи дигар алами бадномӣ. Элиз қасам мехурд, ки зани дар он ролик тасвирёфта на вай, балки хонуми дигари ба ӯ шабоҳатдошта аст, вале ба вай бовар намекарданд. Душманонаш ин роликро пас аз депутат шудани Элиз Сар махсус сохта буданд, то ин нозанини машҳуру хушбахтро шарманда созанд, вале ба мақсад нарасиданд. Ҳақиқат пас аз чанде рӯйи об баромад ва сохта будани ролик фош гашта, бадхоҳонаш шармсор гаштанд, шуҳрати Элиз Сар бошад, дубора ба осмон дакка хӯрд.

Имрӯз зиндагии Элиз ва шавҳараш Толга рӯ ба оромӣ овардааст. Толга як рӯз дар Фаронса бошад, рӯзи дигар дар назди ҳамсараш аст. Ин ду тан бе якдигар зиста наметавонанд. Онҳоро ҳамеша мисли Лайлию Маҷнун даст ба дасту шоду масрур мебинанд.

Омодасоз:
Рустам Азимӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Икром Махмудов 2022-01-26, 00:38
офарин бехтарин маълумот. Спасибо за информации!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Икром Махмудов 2022-01-26, 00:38
офарин бехтарин маълумот. Спасибо за информации!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД