Ин субҳ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезад,ки дар он акси сарояндаи машҳури кишвар Зиёвиддини Нурзод ва ҷиянаш Бахтиёр ҳамроҳи чанд акси занҳои сатрпуш дида мешуд.
Ба гуфтаи шахси наворбардор аксҳои Зиёвиддин бо лухтакҳои баданашон бо сузан шикофшуда якҷоя дар зери хоки қабристон пинҳон карда шуда буд.
Зиёвиддини Нурзод баъди дидани ин навор ба қавле “ШОК” шуда, ба хабарнигорон чунин шарҳ додааст:
“Ҳеҷ вақт накушидам шишаи дилеро бишканаму лонаи муреро хароб созам, вале. Аҳли хурофот нестам, аммо дилам аз одаму олам монд. Намедонам пои киро бигирам? Танҳо касеро ки ин амалро анҷом дода ба дасти Худои якто месупорам! Ва онҳое,ки аксашон дар миёна ҳаст аз ман наранҷанд. Беҳтараш аз хеш дарак диҳанд!”
Ин навори видеоиро ба Зиёвиддини Нурзод яке аз мухлисони савобҷӯяш, ки Муҳиддин ном дорад,фиристодааст.
Ҷодугар ва душмани аслии Зиёвиддин кист, то ҳол касе намедонад, аммо ҳунараманд кӯшиш мекунад то ӯро ҳарчи зудтар пайдо кунад.