Arzon march 2024
Аксияи тарофаи «СУПЕР-ZET» барои муштариёни нав аз ZET-MOBILE
08.12.2023
ПРОМ
2173

 

Оператори миллии алоқаи мобилӣ ZET-MOBILE аксияи бузурги тарофаи «СУПЕР-ZET –ро барои муштариёни нав эълон мекунад!

Тарофаи мазкур имконияти уникалии истифодабарии қулай ва бароҳати воситаҳои алоқаро дар давоми тамоми моҳҳо фароҳам меорад.

Муштариёни нав бо тарофаи «СУПЕР-ZET» аз имкониятҳои зерин лаззат бурда метавонанд:

-Интернети бемаҳдиди шабона бо суръати баланд

-Трафики калони интернет дар давоми рӯз

-Зангҳо ва СМС-ҳои бемаҳдуд дар дохили шабака бо арзиши ҳамагӣ 55 ва 100-сомонӣ.

Аксия аз 17-ноябр оғоз ёфта, муддати 3 моҳ идома меёбад.

Ҳангоми васлшавӣ ба муштариёни нав барои истифодабарии ҳаррӯза 50 ГБ ва 30 ГБ интернет бо суръати баланд ва интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00 то 06.59 туҳфа карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар сурати сари вақт пардохт намудани ҳаққи хизматрасонӣ дақиқа ва гигабайтҳои сарфнашуда ба осонӣ ба моҳи дигар гузаронида мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки муштариён дақиқа ва мигабайтҳои худро сарфа намоянд.

Барои васл намудани тарофаи нав бо шартҳои муфиди аксиявӣ муштариён метавонанд ба наздиктарин шӯъбаи ZET-MOBILE муроҷиат намоянд ё ба рақамҳои 800 800 800 занг зада, аз шартҳои аксия огоҳ шаванд.

Маълумоти муфассалро дар бораи аксия ва тарофаи нав аз сомонаи www.zet-mobile.com. пайдо намудан мумкин аст.

“Муштариёни мо афзалияти аввалиндараҷаи мо мебошанд. Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки барои онҳо таҷрибаи беназири муоширатро эҷод намуда, доираи васеи имкониятҳоро фароҳам оварем. Нақшаи нави таблиғотии "SUPER-ZET" қадами навбатӣ дар ин самт аст. Ман қайд мекунам, ки ин ҳама ба шарофати навсозӣ, ки мо дар ду марҳила бомуваффақият анҷом додем, имконпазир гардид. Он имкон дод, ки минтақаи фарогирии шабака васеъ ва талаботи муштариен қонеъ карда шавад”-"гуфт Фирдавс Масумов, директори тиҷоратии ZET-MOBILE

ZET-MOBILE пайваста барои навоварӣ ва хизматрасонии босифат ба муштариёнаш талош меварзад, то истифодаи воситаҳои алоқаро барояшон қулай гардонида, зиндагиашонро дар асри технологияҳои рақамӣ осон намояд.


 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД