Абдурозиқ Эгамов, овозхон ва блогери 17-солаи тоҷик, ба бемориаш нигоҳ накарда, дар оянда оиладор шудан мехоҳад.
Овозхон дар барномаи “Дурбин” гуфт, оиладор шудан мехоҳад, вале бояд аввал бародари калониаш оиладор шавад. “Ҳоло бародарам дар хизмати ҳарбӣ қарор дорад.
Баъди ӯро оиладор кардан, албатта, бо хости Худо ман ҳам оиладор мешавам”,-мегӯяд Абдурозиқ. Феълан ин овозхони наврас дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов таҳсил мекунад ва зиёда аз як ҳафта мешавад, ки омӯзиши забони русиро низ оғоз кардаву аллакай чанд калимаро аз худ кардааст.
Абдурозиқ дар ҳоле забони русиро меомӯзад, ки моҳи гузашта ба Русия сафар дошт ва рақиби ҳамқаду ҳамсоли доғистониаш Ҳасбулло ӯро таъна зада буд, ки забони русиро намедонад.
Овозхон боварӣ дорад, ки омӯзиши забони русӣ барои ӯ имкониятҳои бештарро фароҳам хоҳад овард. Ҳоло Абдурозиқ дар шабакаи Инстаграм наздики 900 ҳазор обуначӣ дорад ва даромади асосиаш аз ҳисоби таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.