Абдуллозода бо Тедрос дар Ҳиндустон вохӯрӣ анҷом дод
23.12.2025
Oila.tj
47

Дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи иштирок дар Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тиби анъанавӣ, ки бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни вохӯрии кӯтоҳ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии хешро иброз доштаанд.

Ёдовар мешавем, ки Саммити мазкур ҳамчун чорабинии сатҳи баланд ба мавзуи "Барқарор кардани тавозун: Илм ва амалия барои саломатӣ ва некӯаҳволӣ" ва ба пешбурди нақши тиби анъанавӣ дар низомҳои тандурустӣ ва рушди фарогир бахшида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД