Имрӯз, 12-уми феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолият ва корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ шинос гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи сафари кории хеш номбурда аз Маркази саломатии шаҳри Ҳисор дидан кардаву бо фаъолияти шуъбаҳо, ҳолати таҷҳизоти тиббӣ ва шароиту имкониятҳои он шинос гашта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарият ва кормандони он дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Ҳамзамон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рафти сохтмон ва азнавсозии шуъбаи бемориҳои пӯст ва зуҳравии Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор низ дидан кардааст.